Нашрияи Омӯзгор

Навиштаҳои пурмуҳтавои омӯзгорон

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Бахши аъзами мақолаву матолиби моҳҳои охир аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастраси «Омӯзгор» гардида, дар хусуси роҳу усулҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониш-азхудкунии хонандагон бахшида шудаанд ва  омӯзгорон аз таҷрибаи хеш дар масъалаи истифодаи сабку шеваҳои навини таълимӣ, ба роҳ мондани усули муносибати босалоҳият ба таълим ва дар умум, методҳои фаъол ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо нақл мекунанд.

Мақолаи  омӯзгори литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Файзобод  Д. Каримова – «Омӯзиши методҳои нав – василаи баланд бардоштани самаранокии раванди таълим» аз ҳамин қабил навиштаҳо маҳсуб ёфта, дар он дар бораи ташкили раванди таълим бо истифода аз салоҳиятҳои касбӣ, технологияи педагогӣ, усулҳои фаъол ва интерактивӣ, омӯзиши проектӣ, усули моделсозӣ,  нақши бозӣ дар дарс, баргузор намудани «мизи мудаввар» ва ғайра сухан меравад. Мақолаи омӯзгори технологияи иттилоотии мактаби №26-и ноҳияи Роштқалъа (ному насаб номаълум) ба навиштаи боло ҳамоҳанг буда, пиромуни назорати   дафтарҳои корӣ ва рӯзномаҳои хонандагон баҳс мекунад.

Дар матлаби омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №122-и ноҳияи Фирдавсӣ Мавлудахон Раҳмонова –«Тайёрии муаллим ба дарс» дар боби омодагии қаблии омӯзгор ба дарс, ташкилу баргузории он, истифодаи унсурҳои шавқовари психологию педагогӣ, дар иртибот бо нишондоди барномаи таълимӣ эҷодкоронаю ҷаззоб гузаронидани машғулият, бештар ба неруи  эҷодии шогирдон диққат зоҳир намудану онҳоро дар раванди дарс дар меҳвар қарор додан сухан меравад. Аз навиштаи омӯзгор аён мегардад, ки соҳибтаҷрибаву лаёқатманд аст, вале забони мақола таҳрирталаб  мебошад. Омӯзгори химияи мактаби №12-и ноҳияи Деваштич Азаматбек Расулов сенарияи гузаронидани чорабии беруназсинфро бо номи маҳфили «Зарифон» ба мо ирсол намудааст. Мақолаи хонданию омӯзанда, вале нашрия, чунончи қаблан таъкид карда будем, дар чунин шакл навиштаҳоро чоп намекунад. Маҷаллаҳои соҳавӣ имкон доранд, то маводу матолибро ба таври сенария ба  нашр расонанд.

         Омӯзгори забони англисии мактаби №10-и ноҳияи Айнӣ Даврон Ҳусейнзода дар мақолаи «Аҳамияти забони англисӣ дар тарғиби адабиёти форсу тоҷик ва муосир» андешаҳои худро дар бораи равобити забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ  баён дошта, бадин васила, таъсири файзбахши забони англисиро дар тарғибу муаррифии забон ва адабиёти тоҷик бармало сохтааст. Навиштаҳои омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ДҶТИБКСМ  Мусаллам Ҳамидова, муаллимаи географияи МДТ-и литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Моҳира Мӯсоева, омӯзгорони мактаби №166-и ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳноза Сироҷова Бибиҷон Бобоева ва Фирӯза Сабзанова, омӯзгори калони кафедраи таҳсилоти касбии ДҶТИБКСМ Гулрӯ Раҳматуллоева, омӯзгорон аз ноҳияи Айнӣ Нақибхон Туғрал Мансуров ва  Шараф Боқӣ (пиромуни истифодаи ашъори шоирони бузурги тоҷик, шодравонҳо Лоиқ Шералӣ ва Қутбӣ Киром дар дарсҳо), омӯзгори мактаби №49-и ноҳияи мазкур Назаралӣ Ахмедов ва чанди дигар низ ба  масоили тарзу усулҳои таълим бахшида шудаанд. Як силсила навиштаҳои муаллифон масъалаҳои худшиносии насли наврас ва ҳамовозӣ аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифтаанд, ки ба ин мақолаҳои «Ҷаҳони муосир ва проблемаҳои глобалии он» (муаллиф ва нишонии ӯ номаълум), омӯзгори мактаби №16-и ноҳияи Шоҳмансур Бахтовар Раҳимзода – «Нигоҳе ба Паём», дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи Б.Ғафуров Сафар Эркаев – «Ваҳдати миллӣ – пойдевори рушди мамлакат», омӯзгори математикаи мактаби №78-и шаҳри Душанбе Парвина Шомуқимова- «Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат», «Чароғи равшани  дил» (мутаассифона, ному насаби муаллиф зикр нашудааст) мисол шуда метавонанд. Маъмулан, аз мадди назари омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии кишвар ҷашну идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ низ дур намемонад. Дар ин мавзӯъ дотсенти ДДХ Сафар Эркаев, омӯзгори мактаби №24-и ноҳияи Фирдавсӣ Шаҳноз Худобахшова, муаллими собиқадор аз ноҳияи Хуросон Шарифи Мирзоҳотам, мухбири минтақавӣ аз ВМКБ Ҷ.Қозибеков, омӯзгори мактаби №12 (ё120?)-и ноҳияи Деваштич Бунёд Додобоев, директори  мактаби №54-и ноҳияи Айнӣ О. Бобоев, омӯзгорони мактаби №36-и ноҳияи Шоҳмансур Фирӯза Каримова, гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд Мунира Тошматова, мактаб-интернати давлатии ҳамин шаҳр Саодат Раҳматова, омӯзгорон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Суҳроб Боронов ва Муҳаммад Шарифзода (дар бораи эҷодиёти Алимуҳаммад Муродӣ), омӯзгори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур Адолат Алимова мақолаҳои ҷолиб таълиф намудаанд, ки мо аз онҳо сидқан сипосгузорем. Нақли омӯзгорон дар бораи фаъолияти ҳамкорон, тавсифу ситоиши заҳматҳои эшон муҳтавои қисми дигари навиштаҳоро фаро гирифтааст. Дар навиштаҳои Шараф Боқӣ аз ноҳияи Айнӣ- «Дилбохтаи касб», омӯзгори мактаби №34-и ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаббат Мирзоева- «Ба як шахс чил ҳунар кам аст», рӯзноманигор Ҳотам Рабиев – «Омӯзгори  варзида, олими шуҳратёр, табиби  исавиҳуш», омӯзгори мактаби №1-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Нусратбек Шомирзозода- «Собиқадоронро қадрдонӣ бояд намуд», муҳаққиқи ҷавон Хушрӯз Рабиқов (шояд Рақибов бошад?), мухбири минтақавӣ аз шаҳри Кӯлоб Ш.Абдулҳамид- «Равшангари илму дониш» ва ғайра кору пайкори омӯзгорону устодон рақамзанӣ гардидааст. Ба нишонии идораи нашрия гузоришу хабарҳо низ ирсол мегарданд, вале аксари ин матолиб дер ба мо мерасанд, аз ин рӯ, аз чопи онҳо худдорӣ мекунем. Хабару гузоришҳои омӯзгори таърихи гимназияи №2-и шаҳри Хуҷанд М.Маҳмудова, корманди Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Заррина Оқилова, маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ ба номи Б.Ғафуров, рӯзноманигор Ш.Абдулҳамид аз ҳамин қабиланд. Лавҳаҳои ба нашрия фиристодаи Саодат Абдулҳакимзода- корманди МД «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» бо номи «Меҳрубону беназирӣ, модарам!» ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби №4-и шаҳри Бохтар Рустамҷон Бобоев – «Модар- сарчашмаи ҳаёт» ба мавзӯи ҷовидонӣ, яъне қадри модар бахшида шудаанд, вале тасвирҳои ҷолиб ва тоза дар ин навиштаҳо кам ба мушоҳида расид. Ба ҳамаи устодону омӯзгороне, ки ба мо дар иртибот  қарор дошта, мақолаю матолиби худро ба идораи нашрия ирсол намудаанд, миннатдорӣ баён карда, навиштаҳои тозаву муҳтавоманди онҳоро интизорем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш