Нашрияи Омӯзгор

Бе гузашта имрӯз, бе имрӯз фардо нест

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Омӯзиши таърихи пурифтихори кишвар ва ковишҳову ҷусторҳои  марказҳои қадимаи таърихӣ, бозёфти нигораҳову фулузот ва ба ин васила, муаррифии давлатамон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи корҳои арзишмандест, ки солҳои охир вусъати тоза пайдо кардааст.

Ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид гардидани Саразми бостонӣ ва дар миқёси байналмилалӣ таҷлил гардидани 3000-солагии ин макони таърихӣ далели гуфтаҳои болост. Дар кишвари мо дар масъалаи таъсис ва нигоҳдории ангораҳои таърихӣ корҳои зиёди судманд иҷро шудааст. Бунёд гардидани Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тарҳи нави замонавӣ ва шароитҳои созгор ба муаррифии бештари кишвар мусоидат намуд, ки ҳамарӯза аз он ҳазорҳо нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар назди институтҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои миёна осорхонаҳо таъсис дода шудаанд, ки барои худшиносу худогоҳ ва ватандӯст гардидани наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар илми бостоншиносӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ бамаротиб зиёд гардид, дар мактабҳои олӣ ихтисоси нав ба номи осорхонашиносӣ таъсис дода шуд, ки дар тайёр намудани мутахассисон хидмати арзанда мекунанд. Чун ихтисоси мазкур нав буд, ҳанӯз дастурҳои таълимӣ дар ин самт бо забони тоҷикӣ ба мушоҳида намерасид. Хушбахтона, аз ҷониби декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳмоналӣ Шарифов бо номи «Осорхонашиносӣ»  (Душанбе: Эр-граф. – 2021. – 148 саҳ.) бо хатҳои сириллик ва форсӣ дастури таълимӣ ба зевари табъ ороста гардид, ки кӯшиши нахустин дар ин масъала ба ҳисоб меравад. Таълиф гардидани китоби мазкур бо ду хат иқдоми наҷибест, ки аз он метавонанд мардуми афғону эронӣ низ истифода намоянд. Муаллиф дар дастури таълимӣ кӯшидааст муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти осорхона, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо ва усулҳои бунёдӣ, намоиши осорхонавӣ, маводи намоишӣ, лоиҳакашии намоиши осорхонавӣ, лоиҳакашии бадеии осорхонавӣ, асосноккунии (дақиқнамоӣ) лоиҳаи ангоравии осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба таври содаву муассир ба хонанда шарҳу тавзеҳ бибахшад. 

Мавзӯъҳои китоб ба  ҳамди-гар робитаи қавии  мантиқӣ дошта, такмилбахши ҳам мебошанд ва бо шеваи нигориши ҷолиб тавзеҳ дода шудаанд. Дар оғоз муаллиф дар бораи нахустин осорхонаҳои ҷаҳон маълумот пешниҳод кардааст. Ба таъкиди Р. Шарифов, «осорхона (musee) маҳалли нагоҳдорӣ ва намоиши осори бостониро мегӯянд, ин истилоҳест, ки аз давраҳои қадим ривоҷ дошта, бори нахуст дар Юнони бостонӣ музей аз номи теппае гирифта шуда, ки мардум барои ибодати маъбудонашон он ҷо мерафтанд ва ҳамчунон музей ҷоеро мегуфтанд, ки уламо ба мақсади омӯзиши улум ба он ҷо меомаданд». Ба гуфти мавсуф, осорхонаи Миср қадимтарин осорхонаи дунё ном бурда мешавад, ки тавассути Батлимус дар шаҳри Искандарияи Миср сохта шудааст ва таърихи беш аз 2300-сола дорад. Инчунин, дар бораи таърихи таъсиси осорхонаҳо, ки дар охири асри XVI оғоз ёфтааст ва сармоядорон дар маҳалли худ коллексияҳои шахсӣ ҷамъ мекарданд, ки баъзеи онҳо дар асри XVII дар бисёр мамолики дунё ба осорхона табдил дода шудаанд, қисме аз онҳо шуҳрати ҷаҳонӣ касб карданд, ба монанди коллексияи Аминдал, ки аз маъруфтарин ҷойҳои тамошои дунё маҳсуб меёбад, иттилоъ дода мешавад. Қадимтарин ва маъруфтарин осорхонаи дунё – осорхонаҳои Миср, Луври Фаронса, Бритиши Лондон, осорхонаи Карочӣ, осорхонаи миллии Эрон, осорхонаи миллии Ҳинд ва осорхонаҳои Оксфорд ва Кембриҷи Лондон ном бурда мешавад.

Сипас, дар китоб мафҳумҳои асосии ташкили намоиши осорхонавӣ, ташаккули илми осорхонашиносӣ ва мафҳуму истилоҳоти ин фан тавзеҳ дода шудааст. Мафҳуми намоиши осорхонавиро муаллиф чунин маънидод кардааст: «Дар адабиёти тахассусии ибтидои асри XXI нашршуда, намоиши осорхона  (аз феъли лотинии expono –  ба намоиш мондан, ҷо ба ҷо гузоштан ва аз исми ба вуҷудомадаи esposito – баён ва тасвир)  – ин намоиши мақсаднок ва илман асосноки ашёи осорхона мебошад, ки таркибан ташкил карда шуда, шарҳ дода мешавад, аз ҷиҳати техникӣ ва бадеӣ тартиб дода шуда, шакли махсуси осорхонавии воқеаҳои ҷамъиятӣ ва табииро ба вуҷуд меоранд».

Ҳамин тавр, муҳаққиқ мафҳумҳои ташкил ва ба намоиш гузоштани нигораҳои таърихиро бо ҷузъиёташ зина ба зина барои хонанда таҳлил менамояд.  Инчунин, мафҳуми нигора (экспонат), маводи намоишӣ, сохтори мавзӯӣ, шаклҳои асосии намоишҳои осорхонавии муосир радабандӣ гардида, онҳо ба типҳо ҷудо карда шудааст. Масалан, шакли намоиши осорхонавиро ба 6 гурӯҳ ҷудо кардааст: дарки муроқибавӣ (мушоҳидавӣ)-и ашёи осорхона,  дарки мавзӯии ашёи осорхона, дарки муҳити ашёи осорхона, дарки мураттаб (мунтазам)-и ашёи осорхона, дарки муколимавии ашёи осорхона, дарки (таҷрибавии)-и ашёи осорхона,  принсипҳо ва усулҳои бунёди намоишии осорхонавӣ. 

Профессор Р. Шарифов чун донандаи хуби таърихи пурғановати кишвар ба таври дақиқ лаҳзаҳову тарзи ташкил, ороиши эстетикии намоишгоҳ, усулҳои ҷойгир намудани нигораҳо ва маълумотро тавзеҳ медиҳад. Тарзи дурусти намоиши осорхонавӣ метавонад тамошобинонро бештар ҷалб намояд ва дар дастури мазкур ин нукта ба таври ҳадафрас баён гардидааст. Ӯ бамаврид таъкид мекунад, ки «таҷрибаи муосир нисбат ба табъу нашри рекламавӣ аз нуқтаи назари мазмун, дизайн ва полиграфия серталаб мебошад. Эълоннома ва даъватномаҳо ба ғайр аз он ки қимати махсуси эстетикӣ доранд, бояд боз хусусиятҳои намоиши осорхонавиро инъикос намоянд». Маълум мегардад, ки аз назари муҳаққиқ  намоиши осорхонавӣ бо тамоми ҷузъиёташ  таҳлил шудааст, ки аз маҳорату маълумоти фаровон ва пажӯҳиши густурдаи мавсуф дар ин ҷода шаҳодат медиҳад.

Китоби мавриди назар дар баробари аҳамияти назариявӣ доштан, инчунин, аҳамияти амалӣ дорад. Бостоншиноси варзида Р. Шарифов дар таъсиси чандин осорхона дар кишвар саҳми босазо дорад, ки осорхонаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Дар қисмати «Асосноки (дақиқнамоӣ) лоиҳаи ангоравии Осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун махзани илму маърифат маълумоти муфид дода мешавад ва таъсиси  осорхонаи ДМТ, ки дар он хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозтоб мекунад, ҳамчун иқдоми арзишманд дар ин ҷода арзёбӣ мегардад.  Осорхонаи мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Ба таъкиди Р. Шарифов, вазифаи асосии  намоиши нигораҳои осорхонаи ДМТ инъикоси фаъолияти давраи таҳсили Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар факултаи баҳисобгирии муҳосибавии хоҷагии деҳот ва саҳми эшон дар рушди донишгоҳ аст. Тавассути нигораҳо (экспонатҳо)-и осорхона ба масоили зерин таваҷҷуҳ мешавад: овони таҳсили Сарвари давлат (солҳои 1977-1982) тавассути ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, маълумотномаи тиббӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, фармонҳои аз курс ба курс интиқол ёфтан, иҷрои мавзӯи корҳои курсӣ, фармони хатм ва диплом, инчунин, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони донишгоҳ ва ғайраҳо.  Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2 толор: таҳсил ва истиқлол иборат буда, нигораҳо аз рӯи мантиқи таърихӣ мураттаб шудаанд.

Р. Шарифов утоқҳои осорхонаро бо тамоми ҷузъиёташ шарҳу тавзеҳ бахшида, тарзи ҷобаҷогузории онҳоро дақиқу сареҳ бармало месозад ва хонанда зуд дарк мекунад, ки намоиши осорхонавӣ чӣ гуна бояд созмон дода шавад. Намунаи суратҳо аз ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, ки муҳтавои асарро боз ҳам рангин гардондааст. Ҳамчунин, мазмун ва муҳтавои толори намоишӣ, интихоби витринаву зермонҳо, нақши экспонатҳои аслӣ ва ёрирасон, истифодаи аксу мусаввараҳо ва экспозитсияи осорхонаро маънидод кардааст.

Дар охири китоб саволҳо баҳри боз ҳам  беҳтар фаро гирифтани мавзӯъ пешниҳод шудааст, ки низ бамантиқу ҳамоҳанг мебошад.

Китоби мазкур бо такя ба осори илмии муҳаққиқони шинохта таълиф гардидааст ва муаллиф барои тақвияти андешаи хеш аз олимони шинохта иқтибосҳоро бамаврид овардааст, ки аз аҳамияти баланди илмӣ доштани он далолат мекунад. Дарвоқеъ, таълифи чунин дастури таълимӣ ва истифодаи он дар  мактабҳои олии кишвар ба сифати китоби дарсӣ муфид мебошад. Месазад, ки китоби мазкур бо теъдоди зиёд нашр гардида, ба мактабҳои миёнаву олӣ ва осорхонаҳои кишвар дастрас гардонда шавад.

Китоби муаррихи шинохта Раҳмоналӣ Шарифов «Осорхонашиносӣ» агар аз як тараф, барои омӯзгорону донишҷӯён ва алоқамандони таърихи пурғановати кишвар ҳамчун дастури раҳнамо хидмат кунад, аз сӯйи дигар, дар муаррифи фарҳанг ва ковишҳои бештари таърихӣ мусоидат хоҳад кард.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш