Нашрияи Омӯзгор

Обро гил накунем

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Дар яке аз озмоишгоҳҳои Олмон солҳои шастуми асри гузашта воқеае ба амал омад, ки боиси омӯхтани боз як хусусияти об гардид. Олиме, ки таҷриба мегузаронид, ногоҳ шишачаи пур аз заҳри сахттаъсирро ба зарфи обдор афтонд. Ӯ мехост корашро ҳеҷ кас нафаҳмад ва интизор шуд, ки кормандон озмоишгоҳро тарк кунанд ва он обро партояд, аммо фаромӯш кард. Рӯзи дигар обро аз ташхиси ҷиддӣ гузарониданд. Маълум   шуд, ки об тамоман безаҳр аст. Онро  ба калламушҳое, ки дар озмоишгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, доданд. Калламушҳо обро нӯшида,  ҳалок шуданд.  Об бо заҳр омехта нашудааст, вале онро ба як таври номаълум дар худ нигоҳ доштааст. Олимони озмоишгоҳ муқаррар карданд, ки баъди бо роҳи кимиёвӣ тоза кардани об низ он тамоми маълумоти чизҳои дар таркибаш бударо аз «хотираш намебарорад» ва мисли майдони магнитии замин онро ба худаш кашида мегирад. Сирри асосии об  соҳиби  супермолекула  буданаш мебошад, аз ин рӯ, об тамоми чизро дар хотираш нигоҳ медорад. Мо, тоҷикон, дар вақти беморӣ  ба домуллоҳо муроҷиат мекунем   ва онҳо як пиёла обро гирифта, дуо хонда медаманд ва мо онро нӯшида шифо меёбем. Маълум мешавад, ки об метавонад тамоми иттилоотро дар хотирааш нигоҳ дорад. 70 дарсади бадани инсон аз об таркиб ёфтааст, пас хотираи қавии инсон низ ба об вобаста мебошад. Дар хориҷ аз кишвар низ ривоятҳои зиёде оид ба об вуҷуд доранд. Дар асри XVI дар сарҳади Фаронса ва Испания, дар қасри Граф Дем Юри  ҳодисае ба амал омад. Граф дар боғи хеш  гаштугузор мекард.  Ногоҳ чашмаш  ба пиразани фақире меафтад, ки аз фаввораи боғаш об менӯшид. Граф ба аскаронаш фармон медиҳад, ки пиразанро аз боғ берун кунанд ва ба зиндон партоянд. Пиразан ба Граф чизе нагуфт, танҳо ба об нигаристу калимаҳои номаълумеро ба забон овард. Пиразанро ба гуноҳи ҷодугарӣ дар оташ месӯзонанд. Граф рӯзе бисёр ташна мешавад ва каме аз оби он фаввора нӯшида, ба ҳалокат мерасад.

Тоҷикон пайдошавии обро ба қаҳрамонони миллӣ, ё ин ки ба каромоти сарварони диниву мазҳабии худ  рабт медиҳанд. Гармчашмаи деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ривояте дорад. Гӯё дар он деҳа аждаҳое пайдо мешавад ва тамоми аҳли   деҳаро ба таҳлука меандозад.  Аҳли деҳа ба Ҳазрати Алӣ муроҷиат мекунанд. Ҳазрати Алӣ он аждаҳоро ба ҳалокат мерасонад ва дар ҷойи қатли он аждаҳо обе фаввора  зада мебарояд, ки  имрӯз бо номи Гармчашма маъруфу машҳур аст.

Дар сайёраамон об зиёд аст, аммо 2,5%  он оби ширин мебошад. Ба   яхҳои  Арктикаю  Антарктида 24 миллион км3  ё  65 дарсади обҳои нӯшокии замин рост меояд. Об дар сайёраи мо ноодилона тақсим шудааст. Мисол, масоҳати Африко 30,3 миллион км2 буда, танҳо 10 дарсади аҳолиаш ба таври доимӣ ба оби тоза дастрасӣ доранд, 350 миллион нафари дигар аз беобӣ азият мекашанд. Пиряхҳои калонтарини ҷаҳон дар ҳудуди Осиёи Миёна воқеъ гардидаанд, вале аз чӣ бошад, ки теъдоди зиёди одамон аз нарасидани оби тозаи нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Ифлосшавии об низ меафзояд. Дарёҳои  ифлостарини ҷаҳон Рейн, Сена, Темза, Тибр, Волга маҳсуб мешаванд. Омилҳои асосии ифлосшавии обҳои ҷаҳон сарфакорона истифода набурдан, дар соҳаи химия истифода кардан ва ҳар гуна партовҳоро ба об партофтани одамон ба шумор мераванд.

Зебуниссо

Некбахтшоева,

омӯзгори забон ва

адабиёти  тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш