Нашрияи Омӯзгор

Одоби фарзанд муҳимтар аст

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле оқилона иброз доштаанд:  «Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд».

Оила муҳити ташаккулдиҳандаи қобилияту  истеъдоди инсонӣ, забон, тафаккур, ирода шавқу ҳавас, урфу одат ва ғайра ба ҳисоб меравад. Махсусан, ақидаи падару модарон ба рафтору кирдори кӯдакон таъсири бузург мерасонад ва минбаъд тарбиятгарон онро идома медиҳанд. Оила мактаби аввалин ва асоситарини  тарбияи  фарзанд мебошад ва агар дар ин зина ягон каҷравие ба вуҷуд ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимони мактаб ҳам кори басе душвор мегардад. Фарзанд барои ҳар кас азиз аст, вале одобаш аз он азизтар аст.

Ин мазмунро шоире чунин шарҳ додааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Дар қалби фарзанди кӯчак бедор кардани ҳисси эҳтиром ба илму маърифат, пеш аз ҳама, аз волидон вобаста аст. Аз бузургони миллати мо панде ба мерос мондааст, ки «Агар давлату сарватро сарф намоӣ, кам мешавад ва агар илмро сарф намоӣ, зам мешавад».

Қисме аз падару модарони арҷманд баробари таваллуд гаштани тифл худро ба хӯрондану пӯшонидани он масъул дониста, ба таълим додани ӯ кам таваҷҷуҳ менамоянд. То мактабхон шудан (агар кӯдакистон мавҷуд набошад) қисме аз кӯдакон чӣ будану чӣ манфиат доштани китобу донишро намедонанд. Модар, ки бештари вақти фарзандон бо ӯ мегузарад, боре афсонааш нагуфтааст, боре китоби рангину шавқовареро ба ӯ нишон надодааст. Баъзе модарон ба ҷойи ин амалҳои неку манфиатовар соатҳо дар кӯча нишаста, машғули суҳбатҳои беҳуда мешаванд. Ба ин тариқ, фарзандашро ба дасти омӯзгор месупорад. Омӯзгор бо хуни ҷигар ӯро ба таълим фаро мегирад. Тӯли чор-панҷ соат ҳамарӯза бо ӯ кор мекунад. Вазифаи хонагӣ месупорад, то дар хона бо ёрии падару модар онро иҷро намояд.

Нозия Салимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №86, ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш