Нашрияи Омӯзгор

Зилзилаи Ҳоит

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳ-дати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин гуфтаанд: «Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор монда буд, баъди истиқлолият ба омӯзиши давраҳои давлатдории қадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард. Зеро баррасиву таҳқиқи сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан, бигузор талху пурфоҷеа ҳам бошад, инчунин, сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пухтаву дурандеш месозад».

Ҳодисаи даҳшатбору пурзиёни заминларзаи Ҳоитро  имрӯз на ҳама дар хотир доранд.  Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» (моҳи августи соли 1999) дар ёдбуди зилзилаи Ҳоит менависад: «То он даме ки чанд сатрро рӯи коғаз биоварам, нахуст аз ҷавонони роҳгузари пойтахт ҷо-ҷо пурсон шудам. Аз Ҳоит ном деҳае огоҳӣ доред? Ҳоит дар куҷост? Аз зилзилаи Ҳоит чӣ медонед? Ва ҷавонон аз ин саволҳо дар ҳайрат афтода, хеле ҳаросон гаштанд. Яке гуфт: - Ҳоит эҳтимол дар Бадахшон бошад. Дигар гуфт: - Ҳоит номи деҳа ва дараест дар Тоҷикистон. Сеюмин гуфт: - Аз зилзилаи Ҳоит, ба ростӣ, чизе намедонам, Ҳоит деҳа ё ноҳияест дар водии Қаротегин. Шунидам ва дар куҷое низ хондам …»

72 сол муқаддам, 10 июли соли 1949  соати 03:53 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар собиқ ноҳияи Ҳоити вилояти Ғарм заминларзае ба амал омад, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер 9 балро ташкил медод, маркази  заминларза дар чуқурии 25 км буд.

Дар натиҷаи ин заминларза кӯҳи баланди Чилдухтарон аз болои Ҳоит канда шуда (баландии сел аз сад метр зиёд будааст), ҳама ҷойро пахш карда, пеши рӯди Оби Кабудро дар як лаҳза баст. Оби дарё дар  муддати кӯтоҳ ба ҳавзи калон табдил ёфта, хонаву ҷой, боғу ҳавлиҳоро зер карда бисёр одамон, молу ашёи рӯзгор, ҳайвонот зери об монданд ва нобуд гардиданд. Ҳамаи онҳоро сел шуста, ба дарёи пурталотуми Сурхоб партофт.

Дарёи Сурхоб аз ҷасади одамону ҳайвонҳо ва дарахтон  пур шуд.

Баъди заминларза чунон хокбориш шуд, ки  ҳеҷ чиз ба назар наменамуд ва нафас кашидан душвор гардид. Як қатор деҳаҳо дар минтақаҳои Қалъаи лаби Об, Ҷиргатол  ва Ғарм ба хок яксон шуданд.

Шамоли сахт дарахтҳоро аз решаашон чаппагардон кард. Хокбориш ду шабонарӯз давом кард. Шабро аз рӯз фарқ карда намешуд.

Дар натиҷаи заминларза 150 деҳа вайрон ва ба хок яксон гардиданд. Дар маҷмӯъ, 29 ҳазор сокини ноҳияи Ҳоит беному нишон шуданд. Ҳазорон кӯдак сағиру бепарастор монданд. Зараре, ки ба Ҳоит, Қалъаи лаби Об, Ҷиргатол ва Ғарм расид, ба садҳо миллион сӯм баробар буд.

Роҳбарони олимақоми мамлакат дарзамон ба ноҳияи Ҳоит расида омаданд. Онҳо дар атрофи деҳаҳои Ҳоит ва Деги Сиёҳ давр зада, бо ин фоҷиаи даҳшатангез аз наздик шинос гардиданд. Барои бартараф намудани харобиҳои заминларза тадбирҳои фаврӣ андешида шуданд.      Таҳти роҳбарии котиби якуми ҳизбии ноҳияи Ҳоит Раҳматшоҳ Иброҳимов ситоди махсуси фавқулода ташкил  ёфт, ки даҳҳо ҳазор одам аз марг наҷот дода шуданд.

11 июл таҳти роҳбарии муовини сардори  идораи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ Н. Рибалко гурӯҳи ҳавопаймоён барои омӯзиши ҳодисаи рухдода ба ноҳияи Қалъаи лаби Об омад. Ин гурӯҳ ба омӯхтани харитаи маҳал машғул шуд.

Ҳавопаймоён В. Ослов, И. Осипов, А. Гранкин, В. Ивлев, Б. Колабеков, Н. Андреко, У. Гуля, муҳандис К. Злебов, авиатехникҳо И. Кичкин, Я. Жеребсов ва Н. Тихомиров  аҳолии зарардидаи Ҳоит ва Қалъаи лаби Обро бо нони гарм, қанди сафед, чой, доруворӣ ва сару либос таъмин мекарданд.

25 июл Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС  К. Е. Ворошилов ба маркази ҷумҳурӣ - шаҳри Сталинобод омад.

26 июл   бо котиби аввали КМ ҲКТ   Б. Ғафуров ва Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев дар Қалъаи лаби Об вохӯрӣ бо мардум гузарониданд.

Климент Ефремович Ворошилов таъзия ва тасалияти Сарвари Давлати Шӯравӣ И. В. Сталинро ба осебдидагон расонида, қайд кард, ки ноҳияҳои Ҳоит ва Қалъаи Лаби Об барқарор карда мешаванд, дар ин рӯзҳои мудҳиш тамоми халқи Шӯравӣ осебдидагонро дастгирӣ менамоянд.

Бобоҷон Ғафуров ҳам тарафдори аз нав обод намудани ноҳияҳои Ҳоит ва Қалъаи лаби Об буд. Дар ҳамин вохӯрӣ ӯ таклиф кард, ки минбаъд Қалъаи лаби Об  ноҳияи Тоҷикобод номгузорӣ карда шавад.

Имрӯз  Ҳоит ва Тоҷикобод ба як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтаанд.

Ҳоло сокинони ноҳияҳои кӯҳистони Раштонзамин баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз ҷидду ҷаҳд  менамоянд. Онҳо дар ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебоманзари кишварамон ҳиссаи сазовор мегузоранд.

 

Сайфиддин Шарифзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш