Нашрияи Омӯзгор

Андешаҳо перомуни таълими босалоҳият

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Аз ҷониби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, олими шинохта Ғуломқодир Бобизода ва ходими илмии муассисаи номбурда Гулрӯз Абдураҳмонов монографияе бо номи «Ташаккули салоҳиятҳои таҳқиқотии хонандагон дар раванди таълим» тариқи нашриёти  «Маориф» ба нашр расид. Дар «Муқаддима» дар хусуси муҳтавою мундариҷаи китоб, татбиқи усули муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таълимии кишвар, намунаи машғулиятҳо бо низоми зикршуда дар мисоли фанни биология ва амсоли инҳо маълумот пешниҳод гардидааст.

Китоб аз бобҳои «Асосҳои назариявии ташаккули салоҳияти таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ»,  «Ташкили фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии хонандагон дар раванди корҳои синфӣ ва берун аз синфӣ» ва мақолаҳои «Муносибати босалоҳият ба таълим ҳамчун низоми нави таҳсилот», «Нақши муносибати босалоҳият ба таълим дар ташаккули салоҳияти таҳқиқотии хонандагон дар дарсҳои биология», «Озмоиш (эксперемент)-и биологӣ ва нақши он дар ташаккули салоҳиятмандии таҳқиқотӣ», «Экскурсия (саёҳати таълимӣ) ҳамчун шакли ташкили фаъолияти таҳқиқотӣ дар дарси биология» ва ғайра иборат мебошад.  Муаллифони монография  бардошту андӯхтаҳои худро, бахусус, дар мақолаи «Нақши таълим зимни муносибати босалоҳият дар ташаккули салоҳияти таҳқиқотии хонандагон дар дарсҳои биология» баён намуда, нақшаи курси «Методологияи таҳқиқоти илмӣ дар биология»-ро таҳия ва тарҳрезӣ кардаанд. Ба таъкиди эшон, курси зикршуда аз машғулиятҳои 1-2, 3-4 ва 5-6 иборат буда, анвои кори таҳқиқотӣ: тавсифӣ, проблемавӣ - реферативӣ, рефе-ративӣ - озмоишӣ, таҳлилӣ-системавӣ ва ташхисӣ- пешгӯикунанда маҳсуб меёбад. Ғ.Бобизода ва Г.Абдураҳмонов гунаҳои мавзӯи кори таҳқиқотиро нишон дода, дар хусуси мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот маълумот ироа намуда, барои намуна мавзӯи дарсии «Хусусиятҳои психофизиологии хонандагони 14-15-соларо, ки дар мактаби инноватсионӣ таълим мегиранд», аз фанни биология тафсиру тавзеҳ бахшидаанд. Дар зимн, навгонии илмии таҳқиқот ва муҳимии амалии таҳқиқотро бо мисолҳо ва далелҳои муътамад тавсиф намудаанд.

Дар мақолаи «Супо-ришҳои тамоюли салоҳият-мандидоштаи таҳқиқотӣ дар дарсҳои биология» муҳаққиқон перомуни технологияи муосири таълимӣ, ки ба ташаккули салоҳиятмандии хонандагон равона гардидаанд, сухан ронда, дарси «Ҳуҷайра ҳамчун воҳиди асосии сохтори организм.  Сохтори ҳуҷайраи растанӣ»-ро дар чоряки якуми нимсолаи аввал пешниҳоди омӯзгорон намудаанд. Дар матлабе бо номи «Озмоиши биологӣ ва нақши он дар ташаккули салоҳиятмандии таҳқиқотӣ» муаллифон дар бораи методикаи таҷрибаҳои гузаронидашуда дар дарсҳи биология маълумоти муфассал дода, мавзӯи «Тухмиҳо»-ро пурра ташреҳ бахшидаанд.

Дар китоб дар боби мафҳумҳои асосии солимии инсон (солимии ахлоқӣ, солимии ҷисмонӣ, солимии соматикӣ ва солимии психикӣ) иттилоъ дода шуда, ҳамзамон, атрофи системаҳои дилу раг ва нафаскашӣ – аз муайянкунандаҳои фаъолияти муҳими ҳаётии организм, муайян намудани нишондиҳандаҳои антропометрӣ, дараҷаи солимии ҷисмонии хонандагон ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён шудаанд. Дар маҷмӯъ, китоби пажӯҳишгарон Ғ.Бобизода ва Г.Абдураҳмонов–«Ташаккули салоҳиятҳои таҳқиқотии хонандагон дар раванди таълим» дастури омӯзандаи судмандест барои омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ, хусусан, муаллимони фанни биология. Аммо  монографияи зикршуда бо теъдоди ниҳоят кам  (ҳамагӣ 100) нусха чоп шудааст, ки на ба ҳамаи таълимгоҳҳо ва омӯзгорон дастрас  мегардад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш