Дар гимназияи ба номи Расул Нозимови ноҳияи Б.Ғафуров 1367 хонанда таҳсил мекунад, ки муаллимони кордидаву пуртаҷриба ба таълиму тарбияи онҳо машғул буда, дар заминаи озмун ба кор пазируфта шудаанд.
Ҳар ҳафта аз рӯи интихоби худи хонандагон барои онҳо 8 соат дарси иловагӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар гимназия дар 18 самт маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд.
Ба аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ дар гимназия 911 нафар хонанда роҳ дода шудаанд.
Барои хонандаи синфи 7-уми гимназия Эзоза Абдулвоҳидова супоридани имтиҳон мушкилии зиёдро пеш наовард, зеро ӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони давлатӣ соҳиби ҷои аввал гашта буд. Эзоза аз ҳамаи имтиҳонҳо баҳои аъло гирифта, баъди хатми гимназия нияти идомаи таҳсилро дар бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дорад. Ҳар сол 10-12 нафар аз хатмкунандаи гимназия ба муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ва дигар кишварҳо дохил мешаванд.
Исмоилбек Аҳмедов, хатмкардаи гимназия дар яке аз донишгоҳҳои машҳури Япония таҳсилро идома медиҳад. 66 нафар хатмкунанда нияти идомаи таҳсил доранд, аз ҷумла, 56 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд.
Директори гимназия Муқаддам Урунбоева аз натиҷаи имтиҳони имсола изҳори қаноатмандӣ мекунад.
Неъмат НЕЪМАТЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр