«Девона» яке аз лақабҳои Отто фон Бисмарк (арбоби давлатии Олмон) аст. Ӯро боз «канслери оҳанин» ва «хуми шароб» ҳам меномиданд. Аҷиб аст, ки дуэл яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯ будааст. Таърихчиён ҳисоб кардаанд, ки ӯ танҳо дар тӯли 18 моҳи таҳсил дар Донишгоҳи Геттинген 28 маротиба дар дуэл бо рақибон ҳисоб «баробар» кардааст.
Дуэли таърихии ӯ бо амрикоӣ Коффин сурат гирифтааст. Ин шунавандаи дарсҳо дар донишгоҳ Олмонро давлати сусту пароканда номида, дар бало монд. Эҳсоси ватандории Бисмарк боло гирифт ва амрикоиро ба дуэл хонд. Ҳангоми муқобилият бо шамшер тамоми бадани Коффинро захмдор кард ва баъдан ӯро бо сару гардани хуншор ба нӯшидани як ҷуръа пиво даъват намуд ва шарт кард, ки агар Олмон баъди 20 сол муттаҳид нашавад, ӯ ба рақибаш 25 шиша шампон медиҳад. Бист сол гузашт, вале Олмон муттаҳид нашуд. Бисмарк ба унвони Коффин 25 шиша шампон равон кард, аммо рақибаш кайҳо дар қалби хок хуфта буд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр