Нашрияи Омӯзгор

Достони мардонагӣ

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар барномаи таълимии фанни адабиёт дар синфи 11  ба таълими эҷодиёти Муъмин Қаноат 4 соат ҷудо гардидааст.

Муъмин Қаноат дар достонсароӣ яке аз шоирони тавонои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Эҷодиёти ӯ ба 15 забони собиқ ИҶШС ва ҷаҳон тарҷума гардидааст. Хонандаи мактаб бори аввал бо эҷодиёти шоир дар синфи 6-ум ошноӣ пайдо менамояд. Достони “Мавҷҳои Днепр” ба мавзӯи ҷанг бахшида шудааст. Минбаъд ин мавзӯъ аз шеъри “Гули Бодом” ва достони “Китобҳои захмин” идома меёбад. Яке аз достонҳои пурмазмуну машҳури шоир, ки дар он корнома ва қаҳрамониҳои халқи Шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Дуюми ҷаҳон  нишон дода шудааст, “ Сурӯши Сталинград” мебошад.                                                                      

Ҷанги Сталинград бузургтарин муҳорибаест дар таърихи инсоният. Ин ҷанг аввалин мағлубияти армияи фашистӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мебошад. Дар он аз ҳар ду тараф 2,1 миллион одам иштирок карданд.

Устод Қаноат дар як нишаст изҳор намуда буд: ”Чанд бор дар бойгониҳо кор кардам, таърихи ҷангро дарёфтам, бо онҳое, ки дар ҷанги Сталинград иштирок намудаанд, суҳбат оростам ва панҷ бор ба Волгоград сафар кардам, тӯлу арзи кӯчаҳо ва хонаҳоро қадам задам, муайян намудам, то ки ҳарфе хато наравад”. Дар ҳамин ҷумлаи мураккаби устод алоқамандии чор фан (таърих, услубшиносӣ, география, геометрия) ба мушоҳида мерасад. Муаллим дар як тарафи тахтаи синф ин алоқамандиро навишта, дар тарафи дигар онро шарҳ медиҳад.

Алоқамандӣ  бо забон ва адабиёти тоҷик:

Ремарка ё сарсатр – порчаи насрӣ аз хотираи як сарбози немис, ки бобҳоро бо ҳам устувор мекунад.

Монолог - Замин, Дарё, Модар дар асар хеле пуртаъсир ифода ёфтаанд, ки ин ба оҳанг ва қироати шеъри хонанда таъсири мусбӣ мерасонад ва хонанда дар гуфтани порчаҳои достон кӯшиш менамояд, ки вазну тамкини суханаш таъсирнок бошад.

Драматизми фоҷиавӣ, ки асоси достонро ташкил намудааст.

Мавзӯъ, воқеаю саргузаштҳо, манзара ва тақдиру қисмати одамон драмавианд. Аз охирин лаҳзаҳои образҳои Миша ва Матвей Путилов муаллим метавонад  онҳоро дар дарс ба хонандагон ба таври намоишнома нишон диҳад.

Ташхис - заминро ба сухан даровардааст:

Маро гаҳвора мегӯянд, чун гаҳвораи заррин,

Вале ман модари бечораам, хокам.

Талмеҳ -   Миёни модару аскар,

Силоҳи сард ҳамчун садди Искандар.

Алоқамандӣ бо математика:

Муҳорибаи Сталинград 17 июли соли 1942 сар шуда, 2 феврали соли 1943 ба охир мерасад ва шоир онро дар достон ҷанги 200 - рӯза ном бурдааст.

Дусад рӯзу шаби мушкил,

Ба ҳам пайваст чун занҷир.

***

Дар ин ҷо бист ёронем, ба як паймону имонем.

Гаҳе бо шеър, гоҳ бо тир ӯро алла мехонем.

Наафтад то ки як мӯям, сари як мӯй

ларзонем.

***

Миёнаш аз миёни хонаи мардум гузар

мекард.

Ҳазорон кӯдаконро бепарастору падар

мекард.

Алоқамандӣ  бо география

1. Зи Волга то ба Дон мерафт, мавҷи ғаллазори ман.

2. Маро аз Ғарб бо таҳдиду хорӣ танг мекарданд.

3. Самои дудаолуда, ба Қӯрғони Мамай ларзону овезон.

4. Туро дар ин садои тоза бишнидам, Ҳисори ман.

Барои ҷолиб гардонидани  мавзӯи дарс муаллим метавонад ин мавзеъҳоро аз харитаи ҷуғрофӣ нишон дода, аҳамият, мақсад ва ғояи шоирро аз зикри онҳо ба хонандагон тавзеҳу шарҳ диҳад.

 

Равшанбек Пайшаев,

омӯзгори забон ва адабиёти 

тоҷики мактаб- интернати   

ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш