Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти оиладорӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Баробарҳуқуқии падару модар нисбат ба фарзанд дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Қисми якуми моддаи 61- уми кодекс муқаррар менамояд, ки падару модар нисбат ба фарзандонашон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба он мусоидат мекунад, ки  тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ амалӣ гардад.

Масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон аст.  Бояд дар тақдиру сарнавишти оилаҳои ҷавон бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем. Низоъ ва ё фурӯпошии ҳеҷ як оила дар ҷомеа хушоянд нест. Яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор кардани ҷавонон ва ба эътибор нагирифтани саломатии онҳо ба шумор меравад. Бояд дар хотир дошт, ки пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад. Танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти мавҷударо рафъ созад. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботи худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷудомадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд. Нобоварӣ, беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад. Ба ақидаи Абӯалӣ Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта барои рӯзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он, яъне, зан муҳтоҷ мегардад. Зани ҳақиқӣ шавҳари худро дӯст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ӯ фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани бе ишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад.

Мутассифона, мушкилоти оиладорӣ ва пош хӯрдани оилаҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Илми равоншиносӣ сабабҳо ва омилҳои пошхӯрии оилаҳоро то ҷое ҳаллу фасл намудааст. Доктор Левис Термани равоншинос дар мавриди беш аз 500 издивоҷ таҳқиқ анҷом додааст. Натиҷаҳои тадқиқоти ӯ нишон медиҳанд, ки шавҳарро характери бад доштан ва таънаи занҳоро бузургтарин сабаб барои дилсардӣ номидааст. Равоншиноси маъруфи дигар Ҷонстон Темперамент яке аз  омилҳои пошхӯрии хонаводаҳоро эродгирӣ ва таънаи занҳо дар хонавода медонад. Сиёсати дахолат накардан дар корҳои мард ба таври мустақим дар робитаи мутақобилаи миёни зану мард таъсир мегузорад.

Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо набудани саодат дар зиндагии оилавӣ мебошад. Инсонҳое, ки саодатро дар зиндагии оилавиашон дида наметавонанд, оилаи онҳо ба пошхӯрӣ шурӯъ мекунад. Инсон мавҷуди бошуурест, ки бояд ба ҳадафи асосӣ, яъне, саодат бирасад. Ин ҳадафи асосии зиндагии иҷтимоии инсон мебошад. Чаро дар баъзе мавридҳо оилаҳое, ки дорои сарват, чизу чора ва дороии зиёд ҳастанд, зиндагии хубу осоишта надоранд? Сабаби ин мушкилӣ набудани саодат ва хушбахтӣ дар оилаи онҳост. Саодат ё масъалаи хушбахтии инсон масъалаи иҷтимоист.

Оилае, ки дар он равшанӣ ва шуълаи саодат вуҷуд дорад,  пойдор хоҳад монд. Ҳадафи аслии зиндагии инсонӣ, саодати шахсӣ ва саодати иҷтимоист. Саодати шахсӣ дар асоси саодати иҷтимоӣ ба даст меояд. Ин маъниро дар ҷараёни таълим ба ҳар восита ба донишҷӯён фаҳмонидан зарур аст, зеро маърифати оиладорӣ бунёди устуворро аз таълиму тарбияи бонизом мегирад.

Шуҳрат МАҲМУДОВ,

омӯзгори  коллеҷи тиббии  ноҳияи Б.Ғафуров

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш