Нашрияи Омӯзгор

Берунӣ - нобиғаи замон

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

ЮНЕСКО таҷлили 1050-солагии  олими  асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони  Беруниро маъқул донист.

Абӯрайҳони Берунӣ яке аз олимон ва мунаҷҷимони машҳури тоҷик ба шумор меравад. Ӯ аввалин олимест, ки дар атрофи Офтоб давр задани Заминро исбот кардааст. Олим пайдоиши ҳаёт, тағйирот ва инкишофи онро ба қонунҳое вобаста медонист, ки онҳо байни Замину Офтоб ва муҳити атрофи сайёраамон амал мекунанд.

Беш аз 180 асар дар бораи нуҷумшиносӣ навиштааст. Андозаи Заминро ҳамин хел дақиқ намуд, ки аз ченкунии замони муосир ҳамагӣ 110 км фарқ дошт.

Офтобро юнониҳо як ҷисми рӯҳонӣ (хаёлӣ) медонистанд, Берунӣ онро як ҷисми нурафкан ва шуълаҳои онро пораҳои сӯзон номида буд. Байзашакл (тухмшакл) будани сайёраҳоро аниқ карда, аввали асри XI  рисолаеро дар бораи солшуморӣ ва муайян кардани андозаҳои замин ба табъ расонидааст.

С.САБУРОВ,

омӯзгори гимназияи давлатии №1-и  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш