Нашрияи Омӯзгор

Тақвияти  муҳаббат ба забони тоҷикӣ

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Омӯзиши забони модарӣ, эҳтирому пос доштани мероси гузаштагон ва ба наслҳои оянда поку беолоиш интиқол додани он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Аз ин рӯ, ба омӯзгорони  забони тоҷикӣ зарур аст, ки ба хонандагон дилсӯзона, бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, дар замири  онҳо меҳру муҳаббат ба меҳану миллат, эҳтироми ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, дӯст доштану ҳифз кардани забон, хат, адабиёт ва таърихи гузаштаи хешро бедор намоянд.

Дуруст аст, ки дарси ҳар як омӯзгори забони тоҷикӣ пур аз панду андарз, ифтихори миллӣ ва ҳисси ватанпарастист, вале ташкилу гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, аз ҷумла, бо роҳнамоии устодони таҷрибадор гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногуни умумимактабӣ омӯзгорро ба ҳадаф наздиктар месозад. Ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ аз фанни забони тоҷикӣ намудҳои гуногунро дар бар мегирад, ки боварӣ дорем ҳар як омӯзгори ин фан аз онҳо ба хубӣ огоҳ аст.

Маҳфили забони тоҷикӣ ба такмили донишҳои грамматикӣ, меъёри талаффузи адабӣ, малакаҳои имлоию пунктуатсионӣ, таркиби луғавии забон, нутқи мураттаби шифоҳию хаттии хонандагон  мусоидат мекунад.

Роҳбари маҳфил аз ҷониби  маъмурияти мактаб интихоб гардида, шумораи аъзои маҳфил набояд аз 14-15 нафар зиёд бошад. Роҳбари маҳфил бояд омӯзгори донишманд, соҳибтаҷриба ва дар муассиса соҳиби эҳтироми ҳамагон бошад, зеро ба таъкиди профессор С.Шербоев «хонандагон аввал роҳбари маҳфил ва баъд хели маҳфилро интихоб менамоянд». 

Агар мо маҳфили фанниро аз синфи V ташкил намоем, ниҳоят оқилона аст, зеро дар натиҷа меваҳои шаҳдбори он моро ширинком хоҳад кард. Бояд қайд кард, ки маҳфили забони тоҷикӣ аз рӯи нақшаи пешакӣ тасдиқшуда моҳе як ё ду маротиба гузаронида мешавад. Мавзӯъҳое, ки дар нақшаи корӣ аз тарафи роҳбари маҳфил ҷой дода мешаванд, бояд дар ҳузури аъзои маҳфил ба муҳокима гузошта шуда, фикру ақидаҳои онҳо низ ба инобат гирифта шавад. Интихоби мавзӯъ ё худ тартиб додани нақшаи кор аз роҳбари маҳфил масъулияти баландро тақозо намуда, дар фаъолияти яксолаи ӯ марҳилаи аз ҳама мураккаб ба шумор меравад. Ҳамчунин, роҳбари маҳфил метавонад ба аъзои худ мавзӯъҳои ҷудогона пешниҳод намуда, то охири соли хониш муҳлат диҳад, ки хонанда вобаста ба мавзӯи гирифтааш мавод ҷамъоварӣ карда, онҳоро таҳлил ва андешаҳояшро иброз намояд.

Барои намуна чунин мавзӯъҳоро пешниҳод кардан мумкин аст:

1. Рӯбардор кардани калимаҳои овозҳои ташдиддор аз фарҳанги забони тоҷикӣ.

2. Ҷамъоварӣ намудани калимаҳои шевагии маҳали худ.

3. Ҷамъ овардани фразеологизмҳо ва шарҳи онҳо.

4. Тартиб додани рӯйхати номҳои дарёҳои Тоҷикистон.

5. Рӯбардор кардани калимаҳои аслан тоҷикӣ аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ.»

Дар заминаи кори хуби аъзои маҳфили забони тоҷикӣ дар мактаб гӯшаи маҳфили забони тоҷикӣ таъсис дода, онро «Забоншиноси ҷавон» ном гузоштан ниҳоят бамаврид аст.

Ҷамила МАҶИДОВА,

омӯзгори мактаби №14,  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш