Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши фанҳои дақиқ - муҳим

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки бояд «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, наврасону ҷавононро  ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».  

Рӯй овардан ба илмомӯзӣ ва бахусус,  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди босуботи иқтисодии мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон.

Дар таърихи тамаддуни Аҷам мафҳуми илм  нисбатан васеъ буд: илм дар баробари дониш ба маънии маълумот, огоҳӣ, малакаву маҳорат ва пеша истифода мешуд. Гузаштагони мо то оғози солҳои бистуми қарни гузашта дар баробари илмҳои риёзӣ (илмҳои адад-арифметика, алҷабру муқобила-алгебра, ҳандаса-геометрия, ҳайат-астрономия, ҷарри асқол-механика) илмҳои табииро низ илм мехонданд. 

Шоҳиди онем, ки чи гуна офатҳои табиӣ ба сари  инсон меоянд, ҳазорон нафар инсонҳо ҷонашонро аз даст додаанд, миллионҳо нафар аз хурӯҷи бемориҳои вирусӣ ва нарасидани оби ошомиданӣ дар азобанд. Инсон бо вуҷуди он ҳамаи қудрату тавоноие, ки дорад, офатҳои табиӣ-заминларза, тӯфонҳои баҳрӣ ва монанди инро пешгирӣ карда наметавонад. Ӯ дар муқобили офатҳои заминию осмонӣ тамоман оҷиз аст. Гузашта аз ин, қисми зиёди рӯйдодҳои хатарноки замони мо дар натиҷаи фаъолияти илман ва ахлоқан норавои худи одамон рух медиҳад.

Аҳмади Дониш барҳақ мегуфт, ки одамон барои обод кардани ин дунё офарида шудаанд, вазифаи қудсии онҳо тамаддунсозии оқилонаю одилона аст.

Мо бояд ин табиати зеборо ҳифз кунем, чунки нафаси тозаи мо аз ҳамин табиат вобаста аст. Мақсади асосии 20-солаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар он аст, ки ҳамаи мо шаҳрвандон дониши дақиқ дошта бошем ва наслҳои ояндаро барои обод кардани кишварамон омода созем.

Хушбахт АЗИЗБЕКОВ,

омӯзгори математикаи

мактаби №7-и шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш