Нашрияи Омӯзгор

Ба фарзандон таваҷҷуҳи бештар мебояд

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи  хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад ва ҳамагон ба ин масъалаи рӯзмарра бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Оё ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст? Ҳамчун омӯзгор аз таҷрибаи худ андешаамро дар ин бора иброз медорам. Аксари волидон ҳангоми бори аввал ба мактаб рафтани фарзанд ӯро бо табъи хушу ширингӯиҳо гусел мекунанд. Мутаассифона,  ин хурсандиҳо зиёд давом намекунанд. Баъд аз синфи ду, се ё чаҳор шудани хонанда мо, омӯзгорон,  қисми зиёди волидонро дар муассиса ҷамъ оварда наметавонем, онҳо бо мактаб ҳамкорӣ намекунанд, ки ин, албатта, ба сатҳи таълиму тарбия бетаъсир намемонад.

Ин бетаваҷҷуҳии волидон кори хато нест магар? Мутаассифона, муносибати бепарвоёна ба тақдири  кӯдакон ба таълиму тарбияи дурусти онҳо таъсири манфӣ расонида, дар оянда боиси ташвиши худи волидон мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон хеле бодиққат бошем.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифа ва уҳдадориҳои  падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври мушаххас муайян кардааст. Бояд донем, ки мактаб бе ҳамкорӣ ва робитаи мустаҳками волидон бо муассиса ба ҳадафҳои ниҳоии худ расида наметавонад. Бинобар ин,  мо бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, он наслеро ба воя расонем, ки ояндаи ин давлату миллатро ба дӯши худ гирифта тавонад.

 

Муродалӣ Валиев,

омӯзгори мактаби №11-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш