Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъбасти даври вилоятии озмуни “Мураббии сол-2021”

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гашт.

- Даври вилоятии озмун бо иштироки мураббиёни беҳтарини 25 шаҳру ноҳияи вилоят баргузор карда шуд, - гуфт Малика Шукурзода, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон. - Дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб мешавад.

Дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон доданд.

Аз миёни 25 нафар иштирокдори озмун Мунира Ризоева, мураббии муассисаи томактабии №20-и шаҳри Бохтар, соҳиби ҷойи аввали даври вилоятии озмун ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид.

С. АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш