Нашрияи Омӯзгор

Бознигарӣ ба номгузории таълимгоҳҳо

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ масъалаи «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин, объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзию маъмурӣ» - ро мавриди муҳокима қарор дод. Дар иҷлосия қарорҳои пешниҳодкардаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и деҳаи Барҷангал ба номи доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков ва номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти асосии умумии № 1-и деҳаи Хабост ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ниёзмамад Мирзоқандов,  қарори пешниҳодкардаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб «Дар бораи иваз намудани номи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи Манас ва номгузорӣ намудани он ба номи ходими давлатӣ Адилбек Атабоев ва  қарори пешниҳодкардаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвозро «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и деҳаи Клумбаи Боло ба номи собиқадори меҳнат, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Идӣ Фатҳуллоев тасдиқ карда шуданд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ лоиҳаи қарорҳои зикршударо якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

 

Нахустин хатмкардагони донишгоҳ

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ВМКБ муассисаҳои шакли нави таҳсил бо муваффақият амал карда истодаанд, ки мактаби Президентӣ барои хонандагони соҳибистеъдод, литсейи Оғохон, гимназияи хусусӣ, мактаби таҳсилоти давомдори ДОМ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҳамин қабиланд.

Имсол Донишгоҳи Осиёи Марказиро бори нахуст 57 нафар донишҷӯ аз рӯи тахассуси ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ хатм намудаанд.

Аз 140 нафар донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ 70 % аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқӣ аз кишварҳои Қирғизистон, Сурия, Россия, Африқо ва  Покистон мебошанд.

 

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш