Нашрияи Омӯзгор

Шишаҳоро чӣ тавр ранг мекунанд?

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Эълони  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ғамхории навбатӣ ба соҳаи илму маорифи кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, мо-омӯзгорони химияро лозим меояд, ки раванди таълими ин фанро дар муассисаҳои таълимӣ бо гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ, экскурсияҳо, маҳфилҳои химиявӣ ва дарсҳои иловагӣ ҷиддитар ба роҳ монем.

Яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи меҳнативу ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Барои пиёда намудани ин мақсадҳо дар ҷараёни таълими химия шарҳ додани хусусиятҳои политехникии моддаҳо ва элементҳои ҷудогона аз манфиат холӣ нест. Ин тарзи корбарӣ ба ҷаҳонбинии хонандагон вусъат бахшида, шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба химия зиёд мегардонад. Ҷиҳати инкишофи васеи донишҳои политехникӣ ба хонандагон додани маълумот оид ба ҷараёни кори истеҳсолоти химиявӣ хеле муҳим аст. Карбонати калтсий маҳсулоти хоми муҳим ва серсоҳа ба ҳисоб меравад. Барои истеҳсоли шиша реги кварсӣ, сода ва карбонати калсийро дар ҳарорати 1.5000 С гарм мекунанд. Силикатҳои натрий ва калсийи ҳосилшударо бо рег мегудозанд, ки дар натиҷа шиша ҳосил мешавад. Омӯзгор ба хонандагон шарҳ медиҳад, ки агар ба шиша оксидҳо ё элементҳои рангдор илова карда шаванд, шиша ранги гуногунро мегирад, аз ҷумла, агар сулфур илова намоянд, ранги шиша зард мешавад. Агар оксиди мис ҳамроҳ намоянд, шишаи сиёҳ, хром илова карда шавад, шишаи сабз, оксиди оҳан илова намоянд, шишаи сурх, оксиди манган илова намоянд, шишаи кабуд ҳосил мешавад. Дар ҷараёни омӯзонидани мавзӯи истеҳсоли шиша омӯзгор бояд ҳиссаи М.В. Ломоносовро, ки нахустин бор истеҳсоли шишаҳои рангаро пешниҳод кардааст, қайд намояд. Инчунин, дар бораи сохт ва кори дастгоҳҳои шишабарорӣ, тарзи коркарди маҳсулоти хом, озмоишгоҳҳои химиявии корхона, меҳнати муфиди коргарон ва оид ба касбу кори онҳо маълумот диҳад.

Яке аз маҳсулоти асосии бахши сохтмон семент ба ҳисоб меравад. Дар истеҳсоли семент низ маҳсулоти хом карбонати калсий, бӯр ва гил ба шумор мераванд. Омӯзгор бояд ба хонандагон фаҳмонад, ки барои чӣ «Портланд семент» мегӯянд. Ин навъи семент бори аввал дар шаҳри Портланд истеҳсол шудааст, аз ин рӯ, онро «Портланд семент» ном мебаранд. Пас аз шарҳ додани марҳалаҳои фаъолияти корхонаи сементбарорӣ, коркарди маҳсулоти хом ва монандию фарқияти онро аз корхонаи шишабарорӣ нишон додан лозим аст. Карбонати калсий ва реги кварсӣ маҳсулоти хоми истеҳсоли хишти силикатӣ низ ба ҳисоб мераванд. Марҳалаҳои кори туннелҳои хиштпазӣ, коркарди маҳсулоти хом ва тарзи хушк кардани хишт низ бояд ба хонандагон ба забони содаву равон фаҳмонида шавад.

Баҳодур Зиёев,

омӯзгори химия,

 шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш