Нашрияи Омӯзгор

Истироҳатгоҳҳо ба қабули кӯдакон омодаанд?

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Тибқи нақшаи раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, тобистони соли равон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 61 660 нафар кӯдаки ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони солиму қобилиятнок дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ, фароғатгоҳҳои наздимактабӣ фаро гирифта мешаванд. Дар хусуси пардохти маблағҳо ба лагерҳои хонандагон дар шаҳри Кӯлоб, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб Исмон Хушвақтов чунин иброз дошт:

- То имрӯз аз тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон оид ба маблағҳое, ки ба чорабиниҳои солимгардонии кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои тобистона пешбинӣ шудааст, ба хазинаи мо ягон дирам ворид нагардидааст. Аммо мо кӯшиш дорем, ки то пайдо шудани маблағи муайян барои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, майдончаҳои беҳдошти саломатӣ ва лагери беруназшаҳрии «Шарора»-ро аз таъмири ҷорӣ бароварда, ба қабули истироҳаткунандагон омода созем. Директори лагери беруназшаҳрӣ А. Шарифов дар ин масъала чунин мегӯяд:

- Дар сметаи хароҷоти лагер барои таъмири ҷорӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Мутаассифона, ҳуҷҷатҳо дар даст дари бинои шуъбаи молияи шаҳрро охурча намудему аз шуъбаи молияи шаҳр фақат як садо мебарояд: - маблағ пайдо шавад, мо ин масъаларо ҳал мекунем… А.Шарифов иброз дошт, ки лагер барои қабули мавсими имсолаи истироҳаткунандагон тайёр нест. Аз рӯзи 28-уми июн басти якуми истироҳати хонандагон дар фароғатгоҳҳо дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оғоз мегардад. Бояд қайд намуд, ки кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр интизорӣ мекашанд, ки кай онҳоро ба истироҳатгоҳҳо фаро мегирифта бошанд. Дар бораи фаъолияти лагерҳои истироҳатӣ-фароғатии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ, директории МТИ назди шуъбаи маорифи ноҳия Д. Шоинов чунин иттилоъ дод:

- Тибқи қарори шӯрои шуъбаи маориф ва раёсати кумитаи иттифоқи касабаи маорифи ноҳия дар назди 73 муассисаи таълимӣ ва 10 кӯдакистон майдончаҳои солимгардонӣ ва лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ дар чаҳор баст ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бояд ба лагерҳои томактабӣ 350 нафар, наздимактабӣ 750 нафар, истироҳатӣ-меҳнатӣ 270 нафар, варзишӣ-беҳдоштӣ 500 нафар, фароғатӣ – таълимӣ 3950 нафар ва муассисаҳои интернатӣ 750 нафар ва беруназшаҳрӣ 220 нафар хонанда фаро гирифта шаванд. Бояд қайд намуд, ки дар назди 23 муассисаи таълимӣ даври якуми лагерҳои фароғатӣ – таълимӣ бо фарогирии 800 нафар кӯдакону наврасон ба роҳ монда шудааст. Фароғати кӯдакону наврасон хуб ба роҳ монда шуда, ҷойи бозӣ, китобхонӣ ва сайру гашт барои онҳо дар лагерҳо ташкил карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз аз тарафи шуъбаи молияи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва сохибкорони маҳаллӣ барои истироҳати кӯдакону наврасони ноҳия ягон маблағ ҷудо карда нашудааст. Дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия директорони пешқадаму дилсӯз дар ҳамкорӣ бо АВО-и муассисаҳои таълимӣ тавонистанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар назди муассисаҳои таълимӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда кӯдаконро ҷалб намоянд.

Вазъи омодагиҳо ва тайёрии истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, майдончаҳои солимгардонии тобистонаи кӯдакону наврасон дар ноҳияи Фархор дар маҷмӯъ хуб аст. Дар муассисаҳои томактабӣ 639 нафар, муассисаҳои интернатӣ 71 нафар, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 550 нафар, лагерҳои истироҳатӣ-меҳнатӣ 420 нафар, лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ 280 нафар, ба лагерҳои фароғатӣ - таълимӣ 2490 нафар, лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ 127 нафар, дар маҷмӯъ, 4557 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Солҳои охир барои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар ноҳияи Темурмалик диққати махсус зоҳир карда мешавад. Тибқи нақшаи кори шуъбаи маорифи ноҳия имсол 5330 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Мутаассифона, то имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон маблағ ҷудо нашудааст.

Солҳои охир ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар ноҳияи Муъминобод низ беҳтар мегардад. Тибқи нақшаи кори шуъбаи маорифи ноҳия дар 59 муассисаи таълимӣ 5460 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. То имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои истироҳати хонандагон дар лагерҳо маблағ ҷудо карда нашудааст. Новобаста ба вазъи мавҷуда, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо АВО-и мактабҳо тавонистанд, ки истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро дар назди муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ташкил намоянд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш