Нашрияи Омӯзгор

Санҷиши дониш дар 8 маркази имтиҳонӣ

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Дар ҳамаи 8 маркази имтиҳонотии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб даври асосии имтиҳонҳои марказонидашудаи қисми А барои довталабони гурӯҳи ихтисоси 1-5 (хатмкунандагони синфи 11) аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Тавре ки сардори бахши раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, таъмини иттилоот робита бо ҷомеа Сайвалӣ Мирзоалиев иброз намуд, аз 1 то 7 июли соли равон бояд 16 ҳазору 86 нафар довталаби сабти номшудаи ИМД дар марказҳои имтиҳонотии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Данғара имтиҳони тестӣ супоранд. Дар 8 маркази имтиҳонӣ 200 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омада гардида, бо истифода аз воситаҳои технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонӣ 280 нафар корманди муваққатӣ дар вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгиранда баргузории имтиҳон ва назорати онро ба уҳда доранд. Дар даври аввали гурӯҳи имтиҳонҳои қисми А бо сабабҳои номаълум 1-2 %-и довталабон дар вақти муайянгардида иштирок карда натавонистанд. Довталабон аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-5 , ки фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ, химия, биология, физика, география, забони хориҷӣ, адабиёт(забони русӣ)-ро дар бар мегирад, имтиҳон супориданд. Иштироки воқеии довталабон пас аз баргузории имтиҳон муайян хоҳад шуд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш