Нашрияи Омӯзгор

“Беҳтарин роҳбари маҳфили сол” муайян гардид

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари маҳфили сол” баргузор гардид.

Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки чунин озмунҳо минбаъд ҳам дар баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва рушди қобилияту истеъдоди наврасон мақоми шоистаро иҷро хоҳад кард.

Умедҷон Сафарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ таъкид кард, ки мақсади баргузории озмун, дарёфт ва муаррифии омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун мувофиқ ба шартҳо, ба маҳорату истеъдоди роҳбарони маҳфил баҳогузорӣ намуда, ба Вилоят Болтуева - роҳбари маҳфили “Дастони моҳир”-и Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷойи якум, Сабзалӣ Зикруллоев - роҳбари маҳфили “Асбобҳои нафасӣ”-и маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва Идибек Шарифов - роҳбари маҳфили “Географони ҷавон”-и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон ҷойи сеюмро сазовор донистанд.

Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиён бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  шуданд.

Ғолиби озмун бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, роҳхатҳои Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш