Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон қадрдонӣ шуданд

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон ҷамъомад доир гардид.

Нахуст Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон аз сифати таълиму тарбия, шароиту имконияти кору таҳсил дар соҳаи маорифи Хатлон ва дастовардҳои толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки тибқи қарорҳои дахлдори ба тасвибрасидаи раиси вилояти Хатлон ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм дар самти фан ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба олимону роҳбарони илмии онҳо (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм ба кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ба миқдори 10 адад ҳар кадом дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба олимони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва касбии ҳудуди вилоят бо шумораи 120 адад, дар маҷмӯъ, ба маблағи 252 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шумораи 70 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ҳамасола пешбинӣ карда мешавад. Тибқи қарори мазкур мукофоти ҳавасмандсозӣ ба хатмкардагони синфи 11, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои универсалию равиявӣ хатм менамоянд, бо дарназардошти роҳбари муассисаи таълимӣ (вобаста ба шумораи хонандагони комёбшуда) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи вилоят, дар маҷмӯъ, ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Сипас, Тоҷиниссо Маҳмадова, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар бораи натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва талаботи он, шароити кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳамкорӣ бо волидон, фарқгузории дастовард ва иштироки толибилмони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон изҳори назар кард.

Қайд гардид, ки дастовардҳои имсолаи сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии шогирдони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон (445 ҷойи ифтихорӣ) дар қиёс ба соли 2019 (наздик ба 2 баробар -178 адад) ва соли 2020 (зиёда аз 4 баробар - 344 адад) зиёд гардидааст, ки ин боиси ифтихормандӣ мебошад. Дастовардҳои болозикр аз рӯи намуди муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳои намуди нав - 214 ҷойи ифтихорӣ; ба мактабҳои муқаррарӣ-231 ҷойи ифтихорӣ мебошанд. Инчунин, вобаста ба фанҳои таълимӣ ба гурӯҳи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - 291 ҷойи ифтихорӣ; ба гурӯҳи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ - 154 ҷойи ифтихорӣ рост меояд.

 

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш