Нашрияи Омӯзгор

243 нафар -соҳиби квота

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

15 июни соли равон дар толори мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Кӯлоб қабули духтарону писарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2021-2022 оғоз гардид. Нахуст суҳбатро бо довталабони ноҳияи Восеъ гурӯҳӣ корӣ бо роҳбарии муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода оғоз намуд. Шумораи квотаҳо дар соли таҳсили 2021-2022 барои ноҳияи Восеъ 7 ҷой барои духтарон ва 7 ҷой барои писарон ҷудо гардидааст. Шуъбаи маорифи ноҳия барои озмун руйхати 84 нафар довталабро пешниҳод намуд, ки барои ҳар як ҷой 5-6 нафар довталаб рост меояд. Барои кластери 5 бошад, 6 нафар довталаб пешниҳод гардидааст.Тартиби баргузории суҳбат бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси саволномаҳои хаттӣ(тестӣ), ки аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳо(кластер) бо забони давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ташкил карда шуд. Ба довталаб вобаста ба равия ва ихтисоси интихобкардаашон имтиҳон аз фанни забони тоҷикӣ барои ҳамаи кластерҳо ҳатмӣ буда, боз аз ду фанни ихтисос суҳбат гузаронида мешавад. Ба ҳар як довталаб барои суҳбат 15 савол (5 савол аз ҳар як фанни таълимӣ) пешниҳод ва ҷавоби довталаб дар шакли хаттӣ пешниҳод мегардад. Бояд қайд кард, ки довталабони ноҳияи Восеъ  бо тайёрии хуб ба озмун омода буданд. Аксаран  довталабон аз фанҳои химия, биология, физика ва математика буданд, аз 15 саволи пешниҳодгардида, ба бештари онҳо ҷавоби мусбат дода, соҳиби 18-23 хол шуданд. Миқдори квота барои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 18 ҷой (9 духтар ва 9 писар) ва Фархор 17 ҷой (9 духтар ва 8 писар) ҷудо гардидааст.Шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба озмун рӯйхати 90 нафар довталаб ва ноҳияи Фархор 86 нафар довталабро пешниҳод намудаанд, ки барои ҳар як ҷой 5 нафар довталаб рост меояд. Бояд қайд кард, ки довталабони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод ба озмун бо тайёрии ҳаматарафа омодагӣ дида, саволҳои тестиро дар сатҳи зарурӣ ҳал намуданд ва аз тарафи намояндагони муассисаҳои олии касбии кишвар ба онҳо баҳои хуб дода шуд. Мутаассифона, ҷавобҳои довталабони шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон суст буда, бали умумии ҷавобҳои тестӣ аз 13 балро ташкил медод. Дар даври асосии озмуни квота аз 14 нафар довталаб аз шаҳри Кӯлоб 1 нафар, Норак 1 нафар ва ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 нафар, Балҷувон 6 нафар ва Данғара 2 нафар ба донишгоҳҳои алоҳида довталаб пешниҳод накарданд. Танҳо баъди дахолати комиссияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври иловагии озмун довталабонро пешниҳод карданд. Аз ноҳияи Балҷувон 1 нафар барои Донишгоҳи давлатии Данғара ва 2 нафар барои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 нафар барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва шаҳри Норак 1 нафар барои Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода довталабон намерасиданд. Бояд қайд намуд, озмуни донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ соли равон дохил гардиданд, дар сатҳи баланд гузаронида шуда, 243 нафар соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

 

Шариф Абдулҳамид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш