Яксаду панҷоҳ сол пеш хатмкардаи донишгоҳи музофотии Россия дар риштаи табиатшиносӣ Алексей Павлович Федченкоро муҳаббат ба кишваршиносиву сайру саёҳат, ҳамчунин, тасодуфе, ки ҷамъияти дӯстдорони географияи Рус он сол ба Осиёи Марказӣ сафаре илмиву таҳқиқотӣ ташкил карданд, ба ин ҷо овард.
Дар натиҷа қуллаи баланди таҳқиқоти илмии Федченко - китоби «Сафари Варорӯд» ба миён омад. Хуб аст, ки роҳбарияти ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ва пешниҳоди ноиби ректор оид ба илм, дотсент Н. Убайдуллоев дар силсилаи «Андар шинохти тоҷикон» тарҷумаи тоҷикии онро дар ҳаҷми 400 саҳифа ба чоп расонданд. Азбаски асар аз маълумоти пурқимати геологӣ, обу пиряхшиносӣ, тарзу дурнамои истифодаи онҳо бархурдор аст, ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» чопи он ба забони тоҷикӣ иқдоми саривақтист. ҳарчанд асли китоб «Путешествие в Туркестан» ном дорад, бо назардошти он ки муаллиф ҷойе зикр карда «Туркистон» номест номувофиқ барои ин кишвар, зеро қисми бештари аҳолиро форсзабонҳо ташкил медиҳанд (саҳ.24), дар тарҷумаи тоҷикии китоб унвони «Сафари Варорӯд» муносиб дониста шудааст.
Донишманди номуроди рус Алексей Павлович Федченко дар умри кӯтоҳаш (29 сол) аз худ ёдгори бузурги илмӣ боқӣ гузошт. Асари «Сафари Варорӯд» дорои маълумоти пурқимати таърихӣ, ҷуғрофӣ, табиатшиносӣ, биологӣ, обуҳавошиносӣ ва расму харитаҳо мебошад. Дар ҷадвале номи лотинии садҳо адад растанӣ, ҳайвонот ва бо мақсади роҳ надодан ба иштибоҳ дар тарҷумаи тоҷикӣ низ онҳо оварда шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки донишманди кунҷков ба он рӯй овардааст, раванди хушкшавӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан, дар пастхамиҳои баҳрҳои Аралу Хазар аст. Ҳарчанд муаллиф то андозае ақидаи олимонро дар бораи идомаёбии раванди хушкшавии заминҳо дар ин минтақа тарафдорӣ мекунад, ақидаи дурусти донишмандонеро низ пайгирӣ намудааст, ки раванди хушкшавиро дар ин минтақа ба анҷом расида меҳисобанд. (Яъне таҳқиқро идома дода, ба воҳима набояд роҳ дод). Тошканди ҳамондавра (соли 1869)-ро дар қиёс бо даштҳои қазоқ сабзу хуррам тасвир карда, муаллиф зикр мекунад, ки дар он сартҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мавриди сартҳо муаллиф андешаи аниқ баён накарда бошад ҳам, пай бурдан мумкин аст, ки таҳти ин мафҳум аҳолии муқимии шаҳрҳоро дар назар дорад, ки аз ӯзбекону қирғизони кӯчманчӣ фарқ мекунанд.
Ҷиҳати дигари муҳим таваҷҷуҳ ба ҳайати миллии аҳолист. Мардуми Қаротегинро тоҷики кӯҳистон меномад. Оид ба аҳолии водии Зарафшон ба хулосаи аҷиб омадааст: «Тоҷикон, ки ба нажоди эрониҳо тааллуқ доранд, сокинони нахустини ин диёранд ва то ҳол шакли худро нигоҳ доштаанд. Ҳарфам ба аҳолии кӯҳсори водӣ, ки онҳоро тоҷикони кӯҳистон ё ба қавли мардуми маҳаллӣ, ғалча мегӯянд, дахл дорад. Сокинони водиҳо бошанд, бо ӯзбекон-қабилаҳои турки дертар ба ин ҷо омада, ки аз тоҷикон бо шакли зоҳириашон фарқи куллӣ доранд, омехта гаштаанд. Ӯзбекҳо, ҳарчанд аз тоҷикон дин ва тарзи зиндагиашонро қабул карданд, аз рӯйи аҳамият фармонфармо мебошанд, забонашонро ба онҳо қабул кунонданд, ҳарчанд ба он бисёр нишонаҳои забони эронӣ ворид гаштааст. Калимаи сарт, ки русҳо тамоми аҳолии ин ҷоро чунин меноманд, дар байни мардуми маҳаллӣ ягон аҳамияти сиёсӣ, этнографӣ ё антропологӣ надорад, танҳо барои ифодаи аҳолии шаҳрҳо, умуман мардуми муқимӣ хизмат мекунад» (с.63-64).
Барои мо ақидаи Федченко дар бораи захираи обу пиряхҳои Осиёи Марказӣ ва тарзи истифодаи онҳо муҳим аст. Мавсуф, ки ҳаёташро сарфи омӯзиши он кардааст ва дар ин роҳ ҷон додааст, ҳамчун коршинос қайд мекунад, ки истифодаи Зарафшон асосан аз миёнаоби он шурӯъ шуда, дарё ниҳоят ба кӯли калони сунъӣ мерезад ва солҳое мешавад, ки ба он ҳам намерасад. Федченко сохтмони иншооти обҷамъкунандаро дар қисмати кӯҳистонии Зарафшон афзал мешуморад, дар асоси мушоҳида ва таҳқиқоти худ қайд мекунад, ки кӯлҳои сунъиро дар поёноб ва ҳамвориҳо сохтан қобили қабул нест, зеро қисмати бештари об беҳуда масраф мешавад, бухор мегардад ва сифаташро гум мекунад. Аз ин то чӣ андоза дуруст будани сохтмони обанборҳои Роғун ва Норак, дигар НБО-ҳои сохташаванда дар Тоҷикистон аён мегардад.
Дар асар дар бораи ҳувияти миллии тоҷикон чанд хулосаи аҷиб ба чашм мерасад. Қайд мешавад, ки тоҷикон халқи қадимӣ, маскунӣ, деҳқон ва мазҳабианд. Дар дарунтари кӯҳистон ҳар ҷойе хонаи сангӣ, бутун ва муқаддасгоҳест, донед, ки тоҷикон он ҷоянд. Бо чашми хеш мебинад ва исбот мекунад, ки дар марзҳои ҳоло баҳсии Исфараю Сӯх то баландиҳои саргаҳи дарёҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. То қуллаҳои яхпӯши қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон ва Туркистон баромада, ин нишонаҳо- мазору муқаддасгоҳҳо ва хонаҳои сангиро мушоҳида карда, зикр менамояд, ки ин танҳо ҳунари дасти тоҷикон буда метавонад.
Ба мушоҳидаи Федченко, аҳолии Исфара, Ворух ва атрофи он тоҷиканд, ӯ то андозае бо онҳо суҳбат карда метавонист: «Ба боғҳои Ворух даромада, ба душворӣ рӯ ба рӯ шудем: кӯчаҳо тақсим шуданд ва вақте ки ҳайрон будем бо кадомаш роҳамонро давом диҳем, ба наздамон саворае омад, маълум шуд, ки оқсақол, яъне калоншавандаи маҳал будааст. Аммо чунин меҳрубонии оқсақол душвории навро ба миён гузошт: ӯ тоҷик буд ва ба ӯзбекӣ калимае намедонист, ман бошам, дар ин вақт хеле дар пеш бо ҷавони қирғиз суҳбат доштам».
Соли 1871 донишманди ҷавони дилаш пур аз орзу аз қаторкӯҳҳои Пасиолой истода, рӯ ба рӯяш дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон пиряхи бузургеро дида, мафтунаш гашт ва ният кард соли оянда ба он сафар кунад. Ҳадафаш таҳқиқоти илмӣ буд. Бо ин мақсад барои ривоҷ бахшидани ҳунари пиряхгардӣ ба қуллаҳои барфу яхпӯши Монблани Суид сафар карда, дар он ҷо ҳалок шуд. Мегӯянд, ки дар пирях ҷисми инсон бетағйир мемонад. Ба ин монанд хизматҳои бузурге, ки А.П. Федченко барои илми тоҷик кардааст, номи ин донишманди ғӯррамаргро дар пиряхи ҳамномаш абадӣ боқӣ гузошт.
Муҳаммадшариф
РУСТАМЗОДА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр