Нашрияи Омӯзгор

Ифтихори мо ту ҳастӣ, эй Ватан!

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Мақому манзалат ёфтан, дар дилҳои мардум ҷо гирифтан ва дар сафҳаи таърих сабт шудан ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи бардавом мехоҳад. Мо имрӯз дар ғамхориҳо ва талошҳои Пешвои миллатамон чунин хислатҳои ҳамидаро равшан эҳсос менамоем.

Он нукта муҳим аст, ки ҳоло - тоҷикон соҳиби давлати неруманд, ҳукумати қавӣ, артиши тавоно ва  Сарвари хирадманди худ мебошанд. Дар даврони мухолифатҳои хунини солҳои 90-уми охири садаи ХХ аксари мардуми кишварро ҳисси навмедӣ фаро гирифта буд. Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди далеру ватанпарвар сарварии мамлакати  ҷангзада ва бенизомро  бар дӯш гирифта, дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қадамҳои устувор гузошт.

Шуълаи умед дар қалби мардум фурӯзон, зеро Роҳбари тозаинтихоби  миллат ва мар-дум қотеъона ваъда дода буд:   “Ман ба шумо сулҳ меоварам!” Сарсупурдаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф, умеду орзуҳои нек дар дил дар Кобулу Теҳрон, Исломободу  Москва, Ашқободу Бишкеку Алмаато сухан аз сулҳ гуфт. Ӯ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён паём дод, ки ҳукуматаш омодааст бо мухолифини мусаллаҳаш сулҳ бандад. Сафари Роҳбари ташнаи сулҳ ва ваҳдат ба мавзеи Хусдеҳи Афғонистон дар он замон хеле хатарбор (декабри соли 1996) ба хотири таъмини осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳамаро ҳайратзада кард. Бо ин сафари басо муҳимаш Эмомалӣ Раҳмон аз худ шаҳомат ва ҷасорати беназир нишон дод. Коршиносони масоили сиёсӣ мулоқоти Хустдеҳро нуқтаи олӣ ва ҳалкунандаи силсилаи гуфтугӯҳо барои сулҳи тоҷикон донистаанд. Баъди ин сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистони гирифтори ҷангҳои хунин пиру барно ба умқи он суханони ӯ расиданд: “Ман тайёрам ҷонамро барои осоиш ва ободии Ватани азизам қурбон намоям”. Президенти Тоҷикистон борҳо дар суханрониашон қайд намудаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад, агар қаҳрамон дошта бошад, он халқи Тоҷикистон аст. Ин ҷанг таҳмилӣ буд, яъне нақшаву наҳваи амалӣ кардани онро дар хориҷ кашида буданд. Ҷанги бародаркуш чӣ даҳшатҳое бар сари мо овард. Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз сад ҳазор одам ҷони худро аз даст доданд, 25 ҳазор зан бе шавҳар ва 55 ҳазор кӯдак ятим монданд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон 10 миллиард доллар зарари молиявӣ расид.

Дар он рӯзгорони тира  ин  суханони садоқатмандонаю халқпарвари Пешвои миллат ҳамагонро нӯшдору гаштанд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”, “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам”. Сарвари кишварамон ба гуфтаи худ содиқ монданд ва халқи азизашонро ба рӯзҳои нек, айёми пурнишот расонданд.

Хиради зотии халқи мо дар имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зуҳур ёфт. Миллати некуманиши мо, ки ҷабри парешониву нотифоқиҳоро на кам дидааст, табиатан бештар аз ҳар миллату давлати дигар моил ба дӯстиву ваҳдат аст. Ин омил созгор ба он шуд, ки созишномаи таърихӣ ба имзо расад. Албатта, нақши барҷаставу дурахшони Пешвои миллат дар ин  комёбӣ таърихиву мондагор аст.

Бисту чор сол муқаддам - 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия-шаҳри Москва мулоқоту гуфтушуниди навбатӣ бо намояндагони мухолифин сурат гирифт, ки дар таърихи Тоҷикистон гардиши куллии сиёсиро ба бор овард.  Дар ин вохӯрии сарнавиштсоз  ба рағми бадхоҳони меҳани тозаистиқлоли мо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарафи мухолифин бо имзо расид.  Ин навиди ҷонбахш дар тамоми ҷаҳон паҳн гашт ва дар баробари мардуми тоҷики маскуни ҷумҳурӣ ҳамватанони  ғарибафтодаи моро  шодию нишот  бахшид. Онҳо бо шодию фараҳ иброз доштанд: “Мо ғарибу бесоҳиб нестем, балки Ватани муқаддасе бо номи Тоҷикистон дорем, ки хонаю маскани мо бувад ва Сарвари бихради мулоҳизакораш муттакои мо ” ӯст.

Агар мо хоҳем муҷассамае барои ваҳдати миллат гузорем, гумон мекунам, ин муҷассама дар симову шахсияти Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон  кайҳо зуҳур кардааст. Чеҳраи Пешвои мо худ чеҳраи ваҳдат аст, дасту бозуву ҷисму ҷони ӯ нерую муҳаббати инсониву шаҳрвандии ӯ аз обу хоки ваҳдати Ватан сиришта шудааст.

Мо, омӯзгорон, бибояд насли наврасро  дар рӯҳияи ватанпарастӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, меҳандӯстӣ, эҳтирому эътирофи муқаддасоти миллӣ тарбият намоем. Он иштибоҳе, ки аз гумроҳӣ дар оғози истиқлол ба амал омад, дарси ибрат барои наслҳои оянда бояд бошад. Ҷавонони имрӯза, ки  ояндасозони давлату миллатанд, ҷавобан ба ғамхориҳо ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат бибояд  пуштибони содиқи сулҳу амнияти Ватани хеш гарданд.

Заррина Норова,

мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии  ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш