Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили муҳим

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ онлайн - конфронси илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси татбиқи принсипҳои раванди Болония” баргузор гардид.

Дар конфронс шарикони байналмилалии лоиҳа: Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреал, Финляндия, Донишгоҳи Окани Истамбули Туркия, инчунин, шарикони маҳаллӣ, коршиносони варзида ва корфармоён ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи пленарии конфронс муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Қодирзода, директори ДИС ДДТТ Ҳ.Ҳошимзода, профессор Х.Саидзода – ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, И.Аминов – ҳамоҳангсози лоиҳа, муовини директор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреал, Финляндия, Донишгоҳи Окани Истамбули Туркия, Донишгоҳи тиҷорат, иқтисод ва ҳуқуқи Белгород ва ДИС ДДТТ маърӯзаҳои пурмазмун ироа гардид.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш