Нашрияи Омӯзгор

Имконоти донишгоҳ бештар мешавад

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода дар факултаи биология синфхонаи гербарияи кафедраи ботаника, озмоишгоҳи таълимии кафедраи физиологияи растаниҳо ва Китобхонаи илмии факултаро ифтитоҳ намуд.

Дар ифтитоҳи марказҳои илмӣ-таълимӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултаи биология иштирок намуда, ибтикороти мазкурро амали нек дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» унвон намуданд.

Зимни кушодашавии Гербарияи кафедраи ботаника таъкид шуд, ки дар синфхонаи гербария наздик ба панҷ ҳазор растании нодир гирдоварӣ шудаанд, ки онҳо дар корҳои илмию дарсҳои амалӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ректори донишгоҳ Қ. Хушвахтзода дар самти ҳамкорӣ намудани факултаи фарматсевтӣ бо факултаи биология дар робита ба беҳтар гардонидани фаъолияти синфхонаи гербария, ташкили феҳристи растаниҳои нодир ва мавриди омӯзиш қарор додани фонди растаниҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар назди кафедраи физиологияи растаниҳо бо дастгирии садорати факулта озмоишгоҳи таълимӣ кушода шуд. Дар озмоишгоҳ бештар дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад ва тасмим гирифта шудааст, ки дар оянда натиҷаи корҳои илмӣ-эҷодии устодон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар Китобхонаи илмии факулта, ки имрӯз баъд аз таъмину тармим мавриди истифода қарор гирифт, наздик ба даҳ ҳазор китоб ҷойгир шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш