Нашрияи Омӯзгор

Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар публитсистика

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг дар мавзӯи «Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар публитсистикаи муосир» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, дакторҳои илмҳои филологӣ, профессорон Мурод Муродӣ, Аъзамҷон Азимов ва доираи васеи кормандону муҳаққиқон ширкат варзиданд.

Дар оғоз Д. Раҳимӣ дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллат ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.

Сипас, М. Муродӣ дар мавзӯи «Тараннуми ваҳдат дар публитсистикаи муосири тоҷик» маърӯза кард. Мавсуф таъкид намуд, ки публитсистикаро ифодагари рӯҳи замон меноманд. Рӯҳи замон, аз як тараф, публитсистикаро ба вуҷуд меорад, аз ҷониби дигар, публитсистика рӯҳи замонро тақвият мебахшад. Ба ин мазмун, публитсистика сухани рӯз аст, ки ҷомеа ба он ниёз дорад... Дар замони соҳибистиқлолии кишвар тараннуми сулҳу ваҳдат, таҷлили ҷашнҳои таърихиву миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву адабӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли инҳо ба мавзӯъҳои мубрам табдил ёфтанд. Инъикос ва тавзеҳи ин мавзӯъҳо дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангиву адабии кишвар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ ва созандагиро тақвият мебахшад. Миёни ин мавзӯъҳо сулҳ ва Ваҳдати миллӣ арзиш ва мақоми баландтар дорад, зеро пешравии ҷомеа, тақвияти рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ маҳз ба ҷомеаи орому осоишта вобаста аст. Ба ин мазмун, агар бахши аъзами пешравию дастовардҳои   кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба шарофати Ваҳдати миллӣ арзёбӣ кунем, хато нахоҳад шуд.

А. Азимов дар баромади хеш вобаста ба мавзӯи «Нақши матбуоти даврӣ дар инъикоси Ваҳдати миллӣ» зикр намуд, ки тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат маҳз ба воситаи матбуот, радиою телевизион сурат мегирифт. Дар силсилаи барномаҳои радиою телевизион, дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо моҳият, аҳамият, зарурият, воқеият, таърихияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тавзеҳ дода мешуд. Дар ин самт нақши журналистон хеле бузург буду ҳаст. Зимни яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид карданд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд…».

Дар идомаи мизи мудаввар масъалаҳои «Сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷриба барои Афғонистон» ва «Ситоиши ваҳдат дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар осори публитсистии замони истиқлол мавзӯи меҳварӣ буда, нависандагону публитсистон тавонистаанд бо истифода аз аносири ҳунариву тасвирҳои ҷолиб барқарории Ваҳдати миллӣ дар кишварро, ки дар меҳвари он симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ба таври шоиста бозтоб намоянд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш