Нашрияи Омӯзгор

Эмомалӣ Раҳмон - яке аз бунёдгузорони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Таҳти ин унвон  дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар  он ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, профессор М.Саломиён намояндаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Ш. Шамсутумнов, намояндаи сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Чэн Дайвен, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Ҷ. Капур, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон З. Мардонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз самти калидии фаъолияти донишгоҳ – равобити байналмилалии он мебошад. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифоъ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз қисматҳои асосии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин самт ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисон ва узви фаъоли ин созмон маҳсуб меёбад, мавқеи назаррас дорад. Хушбахтона, имрӯз дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Донишгоҳи миллӣ бо ниҳодҳои гуногуни давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои илмию таълимии сатҳи байналмилалӣ густариш меёбад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш