Нашрияи Омӯзгор

Мактаби замонавӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб мактаб барои 624 хонанда сохта ба истифода дода мешавад, ки маблағи умумии он 20 миллиону 158 ҳазору 580 сомонӣ муқаррар шудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонии бинои мактаби мазкур   ба 92% расонида шудааст.

Сохтмони  марҳилаи  дуюми  иншооти мазкур  соли 2020 оғоз гардида,  сохтмони  1 толори маҷлисгоҳ, 1 толори варзишӣ, 1 ошхона, утоқи дӯзандагӣ ва пазандагӣ барои духтарон  ва утоқи дуредгарӣ барои писарон,  утоқи муовини директор ва  ду утоқ барои  либосивазкунии хонандагон ба итмом расидааст.

Марҳилаи дуюми иншоот дар арафаи  ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Гуфта шуд, ки аз ҷониби  Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо  оид ба таҷдид  ва рушди  иншооти  инфраструктураи  иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб  иншооти  9 ошёнаи 36 ҳуҷрадор ба маблағи 16 миллиону 500 ҳазор  сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар оянда барқарор намудани девор ва дарвозаи  қалъаи Ҳулбук, сохтмони муассисаи томактабии  замонавӣ дар Ҷамоати  деҳоти Зарбдори деҳаи Зарбдор, барқароркунии  қалъаи бостонии Кӯлоб, сохтмони  муассисаи  томактабии замонавӣ дар шаҳри Кӯлоб ва  сохтмони девори  гирди қалъаи Кӯлоб  ва азнавсозии чашмаҳо  дар назар дошта шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш