Нашрияи Омӯзгор

Бозёфти модар

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Суҳайло суҳбати телефониро ба поён расонду даст ба мушаки роёнааш бурд, то номгӯи маводи заруриро аз тариқи номарасон ба ширкати истеҳсолкунанда ирсол намояд. Яке аз кормандонаш дарро нарм заду иҷозаи вуруд хост. Духтарак зуд сабаби омаданашро шарҳ дод:

-  Суҳайло Каримовна, вақти корӣ ба поён расидааст, аммо як харидор ба назарам, хоҳиши рафтан надорад, то дарҳои мағозаро бибандем.

- Магар хеле мушкил аст, ки бигӯедаш: вақти корӣ тамом шудааст. Бо ҳамин як кори ҷузъӣ маро ташвиш медиҳед, Зарринабону?-норозиёна ба духтараки фурӯшанда назар дӯхт Суҳайло.

- Ишора кардем, аммо гӯё намешунавад, бинобар ин, хостем шуморо дар ҷараён бигузорем. Як худатон медидед ӯро, - имдодталабона ба роҳбараш нигарист фурӯшандадухтар.

Дар толори фурӯшгоҳи бузург вақте харидори саркашро нишонаш доданд, дилаш ларзид.

- Имрон, писаракам, писари азизам, - нохоста садо баровард бону ва ба сӯи сарбозе, ки дар бахши шириниҳо ба кулчақандҳои гуногун менигарист, давида, хост ӯро ба оғӯш бигирад.

Овози пурэҳсоси Суҳайло диққати Заррина, фаррош Назокат-хола ва дигар кормандонро ҷалб намуд ва онҳо ҳайратзада ба роҳбарашон нигаристанд. Сарбоз ҳам дар баробари дигарон рӯяшро ба тарафи Суҳайло гардонду ин дам зани дилсӯхта фаҳмид, ки боз хато кардааст. Ин сарбоз писари гумгаштааш нест ва ӯ боз муртакиби иштибоҳ шудаву фарзанди дигареро фарзанди хеш пиндошта… Бемадорона ба сарбоз нигоҳи хаста афканд.

- «Охир, аз пушташ тамоман мисли Имрони ман буд, ку!? Ҳатто гӯшҳояш, гӯшҳояш ҳам нусхаи гӯшҳои Имронам аст, яке аз дигараш саҳл калонтару каме баргашта… Оҳ, Худоҷон, боз хато кардам…» - бо афсӯсу надомат худ ба худ мегуфт Суҳайло.

- Салом ба шумо, - садои сарбози ношинос ӯро ба худ овард. Кадом неруи ноаёне модари хунҷигарро водор мекард, ки сарбози ношиносро модарона бинавозад, дасти меҳру навозиш ба сараш бикашад. Аммо худро ба даст гирифту бо садои расмӣ ва хушку гирифта гуфт:

- Мизоҷи муҳтарам, метавонам ба шумо кумак кунам, то зудтар маводи заруриятонро интихоб намоед? Вақти кории мо ба поён расидааст.

-Раҳмат, мехоҳам ягон ширинӣ интихоб кунам, аммо пулам камтар аст, - шармгинона гуфт ҷавон.

- Ҳама маблағатро харҷ кардӣ? Волидон кисапулӣ намедиҳанд?

- Барои худам не, барои хоҳарам мехараму хабаргирияш меравам, дар ҳамин наздикиҳост, дар интернат барои ятимон. Баъди марги волидон мо ҳарду танҳо мондем. Як ҳафта рухсатиям додаанд. Дар роҳ пулҳоямро дуздиданд, хайрият, дар кисаам як-ду танга мондааст,-хиҷолатомез шарҳи ҳол кард сарбози ношинос.

Суҳайлоро чунин ҳис фарогир шуд, ки гӯё як сатил оби сард аз сараш рехтанд. Бошитоб баргашта, ба Заррина супориш дод:

- Духтарам, аз ҳамаи чизҳои бомазаамон зуд дар як халтаи селофанӣ гирифта ҳисоб кун ва расидашро ба ман бидеҳ.

Ва ба сӯи сарбоз баргашту гуфт:

- Ба фикрам, худат ҳам гуруснаӣ, зеро аз роҳ омадаӣ.

Дасти сарбозро гирифт:

- Рафтем, ман ба ту хӯрок медиҳам, то шикаматро сер накунӣ, намемонам, ки аз мағоза берун бароӣ.

Писарак сурху сафед шуда, аз пасаш қадам зад.

Заррина, ки бо духтараки ҳамкораш дар пакетҳо маводи ғизоии гуногунро ҷой мекард, баробари аз назар пинҳон шудани Суҳайлову сарбоз зери лаб ғур-ғуркунон ба ҳамкораш дарди дил намуд:

-  Ба раиса чӣ шуд, ки ин қадар дар такопӯ афтод? Хазинаҳоро маҳкам карда, хона рафтан даркор, аммо боз кори иловагӣ фармуд.

Фарроши мағоза Назокат-хола аз эътирози Заррина ба шӯр омад:

- Чӣ ғур-ғур дорӣ? Кореро, ки фармуданд, бикун, гапи зиёдатӣ чӣ лозим? Раиса дуруст мекунад, ҷавонро дастгирӣ ва хоҳарашро хурсанд кардан даркор.

Аммо Заррина хоҳиши таслим шудан надошт:

- Ростӣ, ман бори аввал аст, ки раисаро дар ин ҳол мебинам, чӣ хел ҷавонро ном бурд: Имрон? Назокат-хола, худат солҳои зиёдест, ки дар ин «супермаркет» кор мекунӣ, намедонӣ ин сарбоз ба Суҳайло кӣ мешавад?

Назокат-хола як лаҳза корашро канор гузошту  оҳи бадард кашид:

- Имрон номи писари Суҳайлост, ягона писараш. Довталабона ба хидмати аскарӣ рафта, дар яке аз ноҳияҳои наздисарҳадӣ хидмат мекард, «пограничник» буд. Субҳи барвақте баъди адои басти шабона хаставу кӯфта бо чанде аз ҳамхидматон ба қисмашон бармегаштанд. Ногаҳон Имрон мебинад, ки писарбачае дар дарё афтодаасту ғарқ мешавад. Ӯро бо ҳазор машаққат наҷот медиҳад, аммо худаш аз мавҷҳои пуртуғёни дарёи баҳорӣ амон намеёбад. Либосҳои ғафси сарбозӣ дар об тар шуда, чанд баробар вазнин мешаванд ва имкон намедиҳанд, ки Имрон худро ба соҳил бирасонад. Талошҳои ҳамхидматон низ бенатиҷа мемонад… Худоё, ин рӯзро ба сари душмани одам наёрад. «Марги волидон меросу марги фарзанд алмос» гуфтаанд. Реҳлати нобаҳангоми ягона фарзанд Суҳайлоро аз по афтонд ва ӯ ба як мавҷуди беҳиссу карахту дилсард табдил ёфт, дар як рӯз гӯё 10 сол пир шуд. Вагарна зане буд дилшоду маъракаоро, гули хандони маҳфилҳо, мисли кабки маст қақра мезаду хандааш сақфро мешикофт. Аммо дар як рӯз ба Суҳайлое табдил ёфт, ки алҳол мебинӣ.   

Заррина аз ҳарфи гуфтааш пушаймон гашта, бо сари хам ба кораш идома дод…

Ин дам дар дафтари корияш Суҳайло базавқ ба хӯрдани ҷавон нигоҳ мекарду ҳамзамон борони савол бар сараш мерехт:

- Хоҳаракат чӣ ном дорад? Чанд муддат аст, ки танҳоед? Ба волидонатон чӣ шуда? Шабро дар куҷо рӯз мекунӣ?

Сарбоз бо иштиҳо хӯроку нон мехӯрду бо майли тамом ба пурсишҳои Суҳайло посух медод:

- Хоҳарам Нозанин ном дорад, алъон 11-сола асту дар мактаб-интернати рақами 6 таълиму тарбия мегирад. Волидонам дар як садамаи автомобилӣ чанд сол пеш аз олам гузаштанду моро танҳои танҳо гузоштанд. Худашон ҳам тарбиятгирандагони хона-интернат буданд, бинобар ин, мо баъди марги онҳо бесоҳиб мондем ва дар ин олам дигар кас надорем. Ният ин аст, ки пас аз адои хидмати ҳарбӣ шуғле ёбаму хоҳаракамро гирифта, дар хонаи волидон худам тарбия кунам. Мехононам, соҳиби касбу коре мекунам, то як луқма нонашро беминнат дарёбад. Мутаассифона, ҳоло ба манзиламон рафта наметавонам, бинобар ин, ҷои хоб ҳам бояд ҷустуҷӯ кунам.

Бону ба суханҳои ҷавон гӯш медоду дар симояш писарашро медид. Худоё, ҳамаи ҳаракатҳояш ҳам нусхаи писараш Имрон. Ҳатто, ноншиканию нонхӯрияш ҳам. Имрон ҳам доимо миёнаи нонро мехӯрд, ҷои тунукии нонро.

- Номат чист, писарам?-ғайриинтизор пурсид зан.

- Номам Имрон аст. Магар аз ёдатон рафт, маро дар поён ном гирифтед, ку? Ҳайрон шудам, ки шумо номи маро аз куҷо медонеду маро аз куҷо мешиносед?

Суҳайло аз ҳаяҷони зиёд нафастанг шуду пайи ҳам сурфа задан гирифт, то ҳадде ки ашки чашм рехт. Имрон хавотиромез пурсид:

-Ба шумо чӣ шуд, ҳолатон хуб аст?

Аз финҷони болои миз як ҷуръа об нӯшиду оби чашмонашро бо дастмоли коғазӣ пок кард:

- Ташвиш нашав, писарам, ҳолам хуб аст. Гӯш кун, ин тавр мекунем. ҷойи хоб накоб. Дар хонаи ман меистӣ. Айни ҳол бо ҳам пеши Нозанин рафта, хабараш мегирем. Баҳс ҷоиз нест, писарам, зеро ман аз ту бузургтарам ва беҳтар медонам, ки чӣ кор бояд кард. 

- Охир, ин чӣ хел мешавад? Як одами ношиносро аз кӯча гирифта, ба хонаатон мебаред. Оё хонагиҳоятон розӣ мешаванд?

- Дар хонаам касе нест, Имрон, ман танҳо зиндагӣ мекунам.

Ва ин дам Суҳайло ҳамсари собиқашро ба ёд овард, ки пас аз ним соли марги писарашон ӯро тарк намуду бо дигаре пайваст. Назди як духтарак рафт, духтараке, ки аз Имрони раҳматӣ фақат 2 сол бузургтар буд. Он духтарак барояш се фарзанд ба дунё овардааст. Чанде пеш нохост дида будашон… Ғайриинтизор… Дар бозор, бо се тифлаки хурдсол машғули харид буданд зану шӯ. Ба назараш расид, ки ёри собиқаш аз писари ҷавонмаргашон-Имрон ҳатто ёде ҳам намекунад, зеро кӯдакони навашро калон мекунад, атрофаш пур-пури кӯдак… Хеле шоду хандон буданд ҳар ду-зану шавҳар. Танҳо Суҳайло буд, ки ҳар дам, ҳар лаҳза, ҳар нафас дилаш ба ёди писар метапид, ёдашро гиромӣ медошту ба ёдаш месӯхт. Зиндагияш пас аз марги писар бемаъно гашт, рангу тароват надошт…

Пас аз як соли ин вохӯрии тақдирсоз дар роҳи оҳан ду нафар як шахси азизашонро интизорӣ мекашиданд: Суҳайлову Нозанин Имронро, ки аз хидмати аскарӣ бояд меомад. Имроне, ки барои Суҳайло писари меҳрубон ва барои Нозанин бародари дилсӯзу ғамхор гашта буд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш