Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл – сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он, ҳамчунин, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Батухан Челебӣ – муовини сафир ва Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок доштанд.
Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт ҳамзамон, ба имзо расонидани лоиҳаи нави Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Туркия, чопи китобҳо ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 6 майи соли 1996 ба роҳ монда шудааст. Дар асоси Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Туркия ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи «Turkish Schoalarship» бурсия ҷудо менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр