Кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомӣ, нашрияи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон» ба академик, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шарифзода Файзулло бинобар даргузашти фарзандаш Фаридун ШАРИФОВ - доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи педагогии умумидонишгоҳии ДМТ ҳамдардӣ баён мекунанд.
Кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори матбааи Вазорати маориф ва илм Шералӣ Сангинмуродов бинобар даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ баён мекунанд.
Кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори иҷроияи филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев бинобар даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён мекунанд.
Шогирдону дӯстон аз реҳлати омӯзгори собиқадори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Акрамшоҳ Лаққаев андуҳгин буда, ба аҳли хонаводаи марҳум ҳамдардӣ баён менамоянд.
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд.
Кормандони раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд. Худованд раҳматашон кунад ва хонаи охираташонро обод гардонад.
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳамкори доимии худ Бахшуллоҳ Табаров бинобар даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён мекунанд.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва гурӯҳи дӯстон аз даргузашти директори мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳия Насрулло САИДОВ андуҳгин буда, ба аҳли оила ва хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслият мекунанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр