Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор бояд ба эҳсосот дода нашавад

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти омӯзгор ба роҳ мондани муносибати хуб бо шогирдон аст. Чунин муносибат боварии шогирдонро ба муаллим афзуда, онҳоро водор месозад, ки фаъолияти намунавӣ дошта бошанд. Муаллими соҳибкасб аз таълимоти бунёдгузорони соҳаи педагогика – файласуфони Юнони Қадим ба монанди Плутон бохабаранд, ки гуфтааст: “Педагог шахсест, ки аз рӯи синну сол ва таҷриба салоҳиятдор аст ҳамчун раҳбар (hёgemonas) ва сарпараст (paidagögous)-и кӯдак хизмат кунад.” Яъне, педагог  шахсест, ки на танҳо вазифаи таълим додани кӯдакро иҷро менамояд, ӯ, инчунин, сарпарасти кӯдакон ва роҳнамои ахлоқии онҳо низ мебошад. Ҳикматҳое мавҷуданд, ки  ҳаққи устодро аз падар беш медонанд. Онҳоро натанҳо шогирдон, балки мо – муаллимон низ бояд иҷро кунем. Зеро ин ҳикматҳо нафақат аз шогирд ҳурмату эҳтироми устодро талаб мекунад, балки он муаллимро низ водор месозад, ки ба шогирдон  муносибати падаронаву модарона дошта бошад.

Мутаассифона, бархе аз ҳамкасбон  ба вазнинӣ ва заҳмати ин касб тоб наоварда, ба эҳсосот дода мешаванд ва боиси вайрон гаштани муносибаташон бо шогирдон мегарданд. Аммо бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки ҳар як муаллим, новобаста ба макони фаъолияташ, намояндаи  соҳаи маориф  аст. Аз ин рӯ, бояд қоидаҳои бунёдии ин касбро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат риоя кунад.

Ҳамза Ёрмамадов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш