Нашрияи Омӯзгор

Аз устоди хеш ифтихормандам

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Ёд дорам, вақте ки тирамоҳи соли 1975 қадамҳои аввалини хешро ба остонаи мактаб гузоштам, маро зани соҳибмаърифату кушодачеҳрае бо суханҳои ширину дилнишин, пешвоз гирифт. Ин зан (баъдтар фаҳмидам) омӯзгори пешқадам, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Санавбар Азимова буданд, ки ҳамчун муаллими аввалинамон ба мо-хонандагон нахустин ҳарфҳои китобро, навиштану бехато хонданро ёд доданд. Устоди мо бо донишу истеъдоди баланд, пурғайратию ташаббускорӣ ва хислатҳои неки инсонӣ дар байни мардум  соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидаанд. Тӯли фаъолияти омӯзгории хеш шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба шоҳроҳи зиндагӣ равон намудаанд, ки ҳоло зумрае аз онҳо ҳамчун омӯзгор фаъолият доранд,пайрави устоданд.

Муаллима  барои фаъолияти  босамару бардавомашон сазовори  нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардидаанд. Давоми солҳое, ки муаллима ба мо илму маърифат меомӯхтанд, аз гуфтору рафторашон ва тарзи дарсгузарияшон  ҳаловат мебурдем. Зимни ҳар як машғулияташон шогирдон барои худ олами рангинеро мекушоданд. Маҳз  ангезаи  меҳру муҳаббати беандозаи устодам  ба касби омӯзгорӣ сабаб гардиду ман ҳам орзу кардам, ки омӯзгор шавам. Хушбахтона, пас аз хатми Институти педагогии ба номи С.М.Кирови шаҳри Ленинобод (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолияти омӯзгориямро дар мактаби миёнаи №15-и деҳаи Сӯфӣ Ориф оғоз намудам. Ҳоло дар яке аз муассисаҳои номдори шаҳри Истаравшан-муассисаи таълимии давлатии гимназияи №1 ба номи академик Аҳрор Мухторов кор мекунам ва аз касби интихобкардаам хеле ифтихормандам...

Муаллимаи азизи ман Санавбар Азимова пас аз фаъолияти 53-солаи омӯзгорӣ як сол мешавад, ки дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд. Ман ба устоди аввалинам, модари маънавиям тансиҳатӣ, хонаободӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Лутфия Неъматова,

омӯзгори гимназияи №1,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш