Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устоди донишманд ва собиқадору соҳибтаҷриба Муллошо Давлатовро ҳамкорон ва донишҷӯён ҳурмату эҳтиром мекунанд ва аз фаъолият намудани чунин шахсияти заковатманду фозил дар донишкада ифтихор доранд. Устод таҷрибаи ғании омӯзгорӣ дошта, муҳаққиқ ва олими шинохта мебошад. Таҷрибаи дерини омӯзгорӣ ба он кас имкон додааст, ки на танҳо барои дар сатҳи баланд гузарондани дарсҳо, балки дар ҷодаи илм тарбия намудану ба камол расонидани раҳнавардони ҷавон дар ин самт донишу андӯхтаҳои хешро дареғ надорад. Худ, ки заҳматкашу кӯшо ва соҳиблаёқат аст, ҳамвора дар ҷустуҷӯйи шогирдони ташнаи илм мебошад. Бо маслиҳатҳои падаронаи худ ба донишҷӯён рози сарбамуҳр ва калиди кушоиши дарҳои илмро бо лаҳни нарму ширин ёдрас менамояд. Устод муаррихи варзида буда, дар машғулиятҳояш ба муҳассилин пайваста дар бораи марҳалаҳои таърихии муборизаю муқовимати фарзандони шуҷою диловар ва барӯманди тоҷик ба муқобили душманони аҷнабӣ, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаи ғасбу истилои сарзамини ниёгонро доштанд, сабақ медиҳад, сабақҳои омӯзандаю ибратангез. Аз усули муқоисавӣ истифода карда, дар роҳи ҳифзу ҳимояти ватан, муттаҳидию ягонагӣ ва дӯстии табақаҳои гуногуни ҷомеаро омили пирӯзию наҷот мешуморад. Ба шогирдон ба таври мудовим дар хусуси заминаҳои таърихии аз байн рафтани давлати абарқудрати тоҷикон- Сомониён маълумоти муътамад пешниҳод намуда, иброз медорад, ки бахт ба рӯйи миллати ҷафокашидаи тоҷик баъд аз сипарӣ гардидани ҳазор сол хандид ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ дубора соҳиби давлати миллии худ шудем. Аммо равандҳои тозазуҳури ошкорбаёнию демократия ба арсаи мубориза неруҳои ҷудоихоҳу мансабталошро ворид намуд. Ҳосилаш майдоннишиниҳои тӯлонӣ ва саранҷом ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид, ки фоҷиаву қурбониҳои зиёде дар пай дошт. Ҳарчанд ин ҷанг хусусияти таҳмилӣ дошт ва душманони миллат бо ҳар роҳу васила мехостанд, ки Тоҷикистонро пора-пора ва аз байн бибаранд, вале хушбахтона, ба мақсадҳои нопоки худ комёб нагардиданд.
Устод Муллошо Давлатов, ки муҳтавою мундариҷаи рисолаи докторияшро муборизаи халқи тоҷик бар зидди муғулони саҳроӣ дар бар мегирад, ба донишҷӯён сабабу омилҳои ба шикаст мувоҷеҳ гардидани давлати Хоразмшоҳиёнро як-як ба риштаи таҳлил кашида, ин марҳаларо бо воқеаҳои нангини солҳои 90-ум, ки ба сари мардуми тоҷик фалокату фоҷеаҳои бузург овард, ба муқоиса мегирад. Дар дарозои таърих нақши подшоҳону абармардон, ба як сухан шахсиятҳои созанда басо бузург мебошад, натиҷа мегирад устод ва таъкид мекунад, ки маҳз фидокорию ҳақталошиҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати тоҷиконро бақои ҳастӣ насиб гардид ва кишвар гул-гул шукуфту рушду тараққӣ ёфт.
Хусусияти умдаи машғулиятҳои М.Давлатов дар он аст, ки суханҳояш бо панду насиҳат тавъам буда, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносӣ, ҳувиятхоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамояд. Роҳи тайкардаи устод роҳи омӯзандаву пуршараф мебошад, зеро ӯ худ шахсияту наҷибу шарафманд буда, хидмат ба халқу ватанро ҳадафи зиндагии хеш қарор додааст. Дар ин роҳ ба устод М.Давлатов комёбиҳои нав ба нав таманно намуда, дар зиндагияш саодату хушрӯзиҳоро хоҳонем.
З. НАСРИДДИНОВ,
муовини ректор оид ба
таълими ДКМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр