Нашрияи Омӯзгор

Поси хотир боз гӯяд қиссаи ногуфтаро

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Пос доштани хотири гузаштагон аз суннатҳои  волои инсонист. Бахусус, ёди онҳое, ки  аз худ номи нек боқӣ гузоштанд. Аминҷон Шарифов, воқеан ҳам, инсони накукору некандеш буд ва бо кору амал, рафтору кирдор ва пиндори неки худ байни мардум  маҳбубияти зиёд дошт.

Зиндаёд соли 1939 дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби деҳа омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия, пасон, Донишгоҳи  давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айниро хатм карда, маълумоти олӣ гирифт. Ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, ҷонишини директор, нозири шуъбаи маориф, мутахассиси кумитаи ҳизбии ноҳия, директори мактаб кор карда, даҳ сол масъулияти мудирии шуъбаи маорифи ноҳияро бар дӯш дошт. Вале умр ба ӯ бевафоӣ кард дар синни 50-солагӣ (соли 1989)  аз дида ба дилҳо рафт.

Бо ин марди фозил ҳашт сол шарафи ҳамкорӣ доштам,бениҳоят шахси ҳалиму хоксор, масъулиятшинос, ин-сондӯсту маҷлисоро, дилсӯзу меҳрубон ва меҳмоннавоз буд. Ҳам сурати зебо дошту ҳам сирати зебо. Байни одамон фарқ намегузошт. Ба ҳама ғамшарик буд. Ҳамкорон ва аз худ хурдсолонро доим “бачам”-гӯён ном мебурд. Мекӯшид, дар ҳама ҳолат орому ботамкин бошад ва боиси ранҷиши дигарон нашавад...

Субҳи 25 июли соли 1989 дар ҳавлӣ машғули коре будам. Посбони мактаби деҳа аз берун садоям кард ва бо овози гирифтаю парешон гуфт:

- Аз деҳаи Қазноқ акаи Аъзамҷон занг зада, гуфт, ки Аминҷон вафот кардааст. Ҷаноза баъди пешин мешудааст...

Вуҷудамро ларза фаро гирифта, гиря гулӯгирам кард, ба ҷоям нишастам. Ҳеҷ бовар намекардам. Охир, ду рӯз пеш дар деҳаи Ғаввосиён, дар тӯйи хонадоршавии писари омӯзгори собиқадор-акаи Сафарбек ӯ гули сари сабади маърака буд. Сари миз якҷо бо мо нишаста, шӯхиҳои зиёде мекард.

Ёдам ҳаст, ки боре Аминҷон назди мо-чанд нафар ҳамкори худ аз дарди дил шикоят карда буд. Марги модари ғамгусор ва бародари ба ҷон баробараш Оқилҷон, ки ба садама дучор шуда, хеле ҷавон ин ҷаҳонро падруд гуфт, ба ӯ беасар намонданд. Ҳамин дарди бедаво ниҳоят дар шаҳри Душанбе домангираш шуда, дур аз хонаву дар, дур аз зану фарзанд, хешу табор, ёру дӯстон ва падари пираш-бобои Шариф ҷонашро гирифт. Марги ин марди шариф барои кулли мардуми ноҳия хеле гарон афтод. Кӯчаҳои деҳаи Қазноқ пур аз одамон буд, ки барои видоъ  омада буданд. Роҳбарияти вақти ноҳия ҳам дар гӯшае интизори аз Душанбе овардани ҷасади марҳум истодаанд. Ниҳоят қатори мошинҳо вориди деҳа шуданд…

Хотираҳоям аз устоди зиндаёд Аминҷон хеле зиёданд. Солҳои роҳбариаш дар соҳаи маорифи ноҳия омӯзгорони варзидаро барои кор ба дастгоҳи шуъбаи маориф ҷалб мекард. Аз ҷумла, Гулмаҳмад Аҳмадов, Аъзамҷон Ҳасанов, Иброҳим Абдуллоев, Ғайратшо Анваров, Давлатмаҳмад Алиев, Муллоҷон Аҳмадов ва зиндаёдҳо Фузайлшо Идиев, Юсуф Маҳмадиев, Рустамбег Амолов, Доробшо Исоев, Довуд Эшонов, Додихудо Шоев, Ҷамолиддин Саидов аз мактаби устод Аминҷон бисёр омӯхта,  дар соҳаи маорифи ноҳия хизматҳои арзанда карданд. Соҳаи маорифи ноҳия дар давраи роҳбарии ӯ хеле рушд ёфту пеш рафт. Аввалин биноҳои замонавӣ барои мактабҳо сохта шуданд. Фаъолияти омӯзгорон дар мактабҳо назаррас гардида, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок мекарданд.

Барои комилтар гардондани хотираҳоям роҳ пеш гирифтам сӯи хонаи омӯзгори собиқадор Гулмаҳмад Аҳмадов ва мисраъҳои мазкур дар зеҳнам мечархид:

Мекунад бедор ёди рафта

нанги хуфтаро,

Поси хотир боз гӯяд қиссаи

ногуфтаро.

 Г. Аҳмадов бо устоди зиндаёд Аминҷон ҳамсоланд. Дар омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбеба номи С.Айнӣ бо ҳам таҳсил намудаанд. Замоне ки устод мудири шуъбаи маориф буд, акаи Гулмаҳмад ҳамчун нозири шуъбаи маориф кор мекард. Вақте дар оилаи акаи Гулмаҳмад писар таваллуд мешавад, ӯ ба хотири дӯстдорӣ ва самимияти зиёдаш ба устод номи писарашро Аминҷон мегузорад. Сари як пиёла чой мақсади омаданамро гуфтам. Акаи Гулмаҳмад сукут варзид, ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд, ӯ хомӯшона мегирист. Чанд лаҳза пас сарашро каме боло бардошта: -Наметавонам, - гуфт. Ман ҳам дигар аламашро  зиёд накардам...

Хизматҳои устоди зиндаёд Аминҷон Шарифов дар идомаи таҳсил ва соҳибкасб гардидани ҷавонони деҳа хеле калон буд. Зеро шахсан ҳамроҳи довталабон ба шаҳри Душанбе мерафту ёриашон медод. Зимни сафарҳои хизматиаш ба маркази ҷумҳурӣ, албатта, аз шароити таҳсил ва будубоши онҳо огоҳ мешуд, барояшон ёрии моддию молиявӣ мерасонд...

Орзуҳои зиёде дошт. Пайи тарбияи дуруст ва ба воя расонидани фарзандонаш мекӯшид. Саҳм гузоштан дар ободии диёри азизамон ҳадафи асосии зиндагиаш буд, вале ҳазорҳо афсӯс, ки марг ӯро бармаҳал аз байни мо бурд.

Хотираи ин марди асилу нексиришт абадӣ дар дилҳои мост.

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

ноҳияи Рашт, собиқадори соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш