қабули донишҷӯёнро барои соли таҳсили 2021-2022 эълон менамояд
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.08 то 20.08. соли 2021 сурат мегирад.
Имтиҳоноти қабул ба Маркази таълимӣ аз 20.08 то 30.08. соли 2021 баргузор карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, дар шакли таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таълим мегиранд, бе маҳдудияти синнусолӣ қабул карда мешаванд.
Ба Марказ духтарон - донишҷӯёни боистеъдоду болаёқат ва онҳое, ки тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, қабул карда мешаванд.
Ҳангоми қабули духтарон ба Марказ талаботи зерин ба эътибор гирифта мешавад:
- донишҷӯ - духтароне, ки соҳиби квотаи Президентӣ гардидаанд;
- донишҷӯ - духтароне, ки МТМУ- ро бо аттестати аъло хатм намудаанд;
- донишҷӯ - духтароне, ки берун аз нақшаи таълим аз курсҳои махсус гузашта, шаҳодатнома (сертификат) гирифтаанд.
Донишҷӯ-духтароне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло, медали нуқра ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус хатм намудаанд, ғолибони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (ҷойҳои 1, 2 ва 3) мебошанд, ба Маркази таълимӣ бе озмун – тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Таълим ва тарбия дар Маркази таълимӣ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ амалӣ карда мешавад.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба Маркази таълимӣ пешниҳод мешаванд:
1. Ариза ба номи директор;
2. Нусхаи шиноснома;
3. Нусхаи шаҳодатнома (аттестат) дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ;
4. Маълумотнома аз муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекунад;
5. Нусхаи Протоколи суҳбати комиссияи қабули квотаи Президентӣ, ки донишҷӯ сазовори квотаи Президентӣ гаштааст;
6. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №086у);
7. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
8. 4 дона расми андозаи 3х4 .
Суроғаи мо : ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 149 тел.: 224-55-02, 224-89-55
Иловакунӣ
Иловакунии фикр