Устод Лоиқ дар ҳудуди шеъри суннатӣ (махсусан, ғазалу рубоӣ, дубайтӣ ва мусаммат) андеша ва тарзи тасвири навро дар адабиёти тоҷик роҳандозӣ намуд. Ӯ асрори шеъри ниёконамонро ба хубӣ дарк карда, ҷавҳари шеъри онҳоро кашф намуд, ки ин ҳама мӯҷиби пешрафти шеъри муосири тоҷик гардиданд.
Масалан, хаёлписандии Лоиқ дар рубоии зер ба ҳаддест, ки ба андешааш суръати нотакрор ва ҷанбаи зиндагии ҷовидона дар сухан медиҳад:
Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бибарад.
Лоиқ тавассути дубайтиҳои худ имконияти бештаре дар гуфтани андешаю орои ғиноии ишқияш фароҳам овардааст. Ба назари мо, шояд дубайтӣ ягона шакли шеърие бошад, ки «унсурҳои ҳамосӣ» онро «асир» накардаанд. Дубайтиҳои шоир паҳнои хоси ифшои розҳои ошиқонаанд. Ба гунаи мисол, ин дубайтиро эпиграфи ишқномаи шоир метавон номид:
Тамоми бешаҳо месӯзад имшаб,
Ситора дар само месӯзад имшаб.
Ситора дар само сӯзад, насӯзад,
Дилам баҳри шумо месӯзад имшаб.
Лоиқ дар қолабҳои суннатии шеър маъниҳои бикру тозаро бо диду тасвирҳои дилангез ворид намуд. Ашъори Лоиқ тамоми паҳлуҳои зиндагии инсонро фарогир буда, пастиву баландӣ, шодию ғам, ҳаяҷону изтироб, марому орзу, дарду алам, печутоби ҳаводиси ҷомеа ва дар алоҳидагӣ ҳар фардро дар бар кардааст.
Дубайтиҳои Лоиқ асосан ишқи поку фалсафаи ҳастии инсону табиатро ифода намуда, дар солҳои 90-ум ҷанбаи иҷтимоӣ пайдо кард. Ҳамин фалсафаи ҳастии инсону табиат, ҳамин ишқи пок ҳамчун мавзӯи меҳварии ашъораш Лоиқро ба ҳайси шоири комил ба камол расонид ва дар забону тарзи баён, дар ҳунари шеърофаринӣ, ибораю калимасозӣ ангуштнамо гардонид. Барои тасдиқи ин андеша дубайтии зерини шоирро меорем:
Бисӯзам, то ки нурамро бубинанд,
Равам, то роҳи дурамро бубинанд.
Бимирам ончунон мушкил, ки мардум
Ба ҳайрат хоки гӯрамро бубинанд.
Дубайтиҳои ошиқонаи Лоиқро метавон орзуномаҳои тамоми мардуми олам номид. Шоир ишқи пок варзиданро дар радифи гирудорҳои иҷтимоӣ амре муҳим мешуморад:
Намонад кишти деҳқон нодуруда,
Намонад шеъри шоир носуруда.
Дар ин дунёи бурду бохт, эй кош,
Намонад коми ошиқ норабуда!
Лоиқ дар маҳдудаи чаҳор сатри дубайтӣ олитарин эҳсосоти башариро тасвир намудааст. Ин навъи шеър дар дастгоҳи маъниофаринии ӯ чун номаи пурмеҳр, масали маъруф, ҳикмати рӯзгор, лутфу шӯхӣ ва дуои умедбахш зуҳур мекунад:
Ҷаҳону зиндагонӣ бо ту зебад,
Суруру шодмонӣ бо ту зебад.
Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ки имрӯз
Хушиҳои ҷавонӣ бо ту зебад.
Дар дубайтиҳои Лоиқ ишқу ҷавонӣ ба ҳам тавъаманд. Шоир бузургтарин муфассири хоҳишу ҳаяҷон ва ғаму шодист, ки дар заминаи монандиву шабоҳату ҳодисаву падидаҳои ҳастӣ маъниву мафҳуми хурду маҳдудро вусъат мебахшад:
Маро дар оташ андоз, эй гули ман,
Маро бигдозу бигдоз, эй гули ман.
Бад-ин хомӣ нахоҳам зиндагонӣ,
Маро ё сӯз, ё соз, эй гули ман.
Навпардозиҳои ашъораш Лоиқро маҳбуби ҳаводорони назми муосири тоҷик намуда, дубайтию рубоиҳояш ифодагари беҳтарин орзую омоли хонанда, бахусус, олами маънавии ҷавонону наврасон гардид. Лоиқ бо навиштаҳояш ба дунёи беҳтарин орзую омоли ҷавонон ворид шуд ва орзуҳои поку самимии онҳоро дар шеъраш инъикос намуд.
Рубоӣ ва дубайтиҳои Лоиқ Шералӣ собит менамоянд, ки ин навъҳои шеърӣ бо навпардозиҳои шоиронаю ошиқона ва тасвирҳои ҷаззобу нотакрор дар назми муосири тоҷик ҷойгоҳи махсусро ишғол намудаанд. Ҷиддият ва муносибати махсуси Лоиқ ба жанрҳои рубоиву дубайтӣ ба ӯ имкон дод, ки розҳои ошиқонаро бо истеъдоди баланди шоирӣ ва тасвирҳои ҷолибу дилнишин ба қалам диҳад ва маъниҳои баланди лирикиро дар онҳо ғунҷонад.
Бибиҳаво ШАРОФОВА,
номзади илмҳои филологӣ, директори мактаб-интернати махсуси ноҳияи Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр