Нашрияи Омӯзгор

Шеъраш суруди зиндагист

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Устод Мирзо Турсунзода яке аз симоҳои машҳуру  барҷастаи олами адаб ва фарҳанги қарни XX буд.

Дар лирикаи ин шоири тавоно табиати нотакрору зебои диёр, ишқу муҳаббати поку беолоиши маҳбубаву ёр, меҳри бузургу муқаддаси модар, меҳнати созандаву рӯзидиҳандаи кишоварзу барзгар бо ҳам пайванд гашта, марши ғолибонаи зиндагӣ, тантанаи некиву наҷобатро таҷассум кардааст:

Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,

Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.

Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,

Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.

М. Турсунзода таълифи намоишномаи «Ҳукм»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасонад. Ин намоишнома аз ҷониби коргардон Ҳ. Маҳмудов ба саҳна гузошта шуда, бо толори пур аз тамошобин се шаб пай дар пай намоиш дода шуд.

Соли 1936 М. Турсунзода бо пешниҳоди раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, чун мудири шуъбаи ташкилӣ ва роҳбари бахши драматургия фаъолият намуд.

Мавсуф дар ҳамкорӣ бо Абдусалом Деҳотӣ либреттои операи «Шӯриши Восеъ», драмаи манзуми «Хусрав ва Ширин», баъдан либреттои «Арӯс», «Тоҳир ва Зуҳро»-ро эҷод намуд. Минбаъд устод Турсунзода пурра ба эҷоди каломи манзум рӯ овард.

Дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоири ватандӯсту ватанпарвар бар зидди адӯ бо қаламу суханҳои оташбораш мубориза бурда, ба монанди «Хайр, модари азиз», «Ҳамшираҳо», «Ризои модар», «Хотираи капитан», «Писари Ватан», «Барои Ватан» барин шеъру достонҳои пуртаъсири хешро эҷод намудааст.

Суруд, ки яке аз жанрҳои оммавию мақбул ва пешоҳанги мусиқӣ ба шумор меравад, дар эҷодиёти ҳар як эҷодкор мақоми махсус дорад.

Ҳамин аст, ки оҳангсозони шинохта ва ҳофизони хушсалиқа ба шеърҳои ӯ оҳанг баста, сурудҳои гӯшнавозу ҷолиб эҷод намудаанд, ки дар садову симо ва дигар ҷашнвораю ҳамоишҳо садо дода, аз тарафи шунавандагон бо маҳбубияти зиёд пазируфта мешаванд.

Дар таронаҳои шоир қудрати дасту дили инсони офаридгор ва манзараҳои нотакрори табиати диёрамон тараннум шудаанд. Устод, барҳақ, вассофи зебоиҳои табиати Тоҷикистон буд. Масалан, дар суруди «Таронаи рӯд» (оҳанги М. Атоев) меҳру муҳаббат ва ихлосмандии хосе дар васфи зебоиҳои кӯҳистон ва табиати афсонавору дилкушои он эҳсос мешавад:

Рӯди кӯҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман,

Ҷӯр созӣ нафасатро ба садои дили ман.

Шӯр дар сина ниҳон, рақскунон мегузарӣ,

Огаҳ астӣ магар аз дарду давои дили ман?

Дар мавриди тартиб додани барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии санъат, аз ҷумла, мактабҳои бачагонаи мусиқии ҷумҳурӣ, коллеҷҳои санъат, ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, КМТ ба номи Т. Сатторов суруду таронаҳои зиёде интихоб гардидаанд, ки матни онҳо ба қалами устод М. Турсунзода тааллуқ дорад. Яъне сабки Турсунзода, ки осонфаҳму мавзун аст ва саропо хусусиятҳои тарбиявӣ дорад, ба ин мусоидат намудааст.

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи шеърҳои устод оҳангнокӣ ва савтиёти ашъори ӯст. Аз ин рӯ, дар репертуари аксари овозхонҳои шинохтаи тоҷик, ҳеҷ набошад, сурудеро аз эҷодиёти устод Турсунзода дучор омадан мумкин аст. Масалан, устодони санъати сарояндагӣ А. Бобоқулов, Ҷ. Муродов, О. Ҳошим, З. Нозим, М. Набиева, Ш. Муллоҷонова, Н. Раҳматова, К. Қурбонов, сарояндагони ҷавону хушсалиқа С. Фозилов, Н. Амонқулова ва чанде дигарон шеърҳои устод Турсунзодаро аз қабили «Ватан», «Нонреза», «Замин», «Дараи арӯсон», «Нақши пой», «Хандида меояд», «Ба дилбар», «Қурбони ту бошам», «Нишона дорад», «Хонаи мо», «То ба кай», «Ситораи ман», «Рӯди ман», «Афсӯс, ки накардӣ имтиҳонам», «Суруди ҷавонӣ», «Чаманистон», «Ҳамсоя бошам» бо оҳангҳои марғубу дилнишин сароида, дар дили ҳазорон ҳаводорони шеъру суруд.

Сарояндаи машҳур ва ситораи эстрадаи Шарқ, шодравон Аҳмад Зоҳир яке аз он ҳаводорон ва эҷодкорони барҷастае буд, ба эҷодиёти пурғановати устод рӯ оварда, ба таронаҳои ӯ оҳанг баста, бо маҳорати баланд ва пуртаъсир иҷро кардааст:

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,

Фидои як салому як каломат ман, ҳамин кофист…

Тамоми ашъори М. Турсунзода сурудаҳои зиндагӣ буда, забони шевою дилчасп доранд ва ба моли халқ табдил ёфтаанд.

Сафари Гулназар,

омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода,

Собира Абдуллоева,

омӯзгори  забон ва адабиёти гимназияи №74-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш