Нашрияи Омӯзгор

Бунёди 28 муассисаи нави таълимӣ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашӯралӣ Олимӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз тарафи давлатҳои хориҷ дар ҳудуди вилоят 28 муассисаи таълимӣ давоми панҷ сол сохта ба истифода дода шуд.

Ҳарчанд 28 муассисаи нави таълимӣ дар шаҳру навоҳӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, аммо ин ҳамагӣ 15 фоизи иҷроиши Барномаи рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар асоси барномаи мазкур бояд 231 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода мешуданд, - гуфт сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ.  Мавсуф илова кард, ки ҳамасола дар вилоят аз 20 то 27 ҳазор нафар хонанда дар муассисаҳои таълимӣ зиёд мешаванд, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани норасоии ҷойҳои нишаст  ба шумор меравад.  Ҳамчунин, дар вилоят 314 муассисаи садамавӣ мавҷуд мебошад, ки 44 адади он аллакай таҷдиду навсозӣ шудаанд. Зикр шуд, ки дар вилояти Хатлон 70 муассисаи томактабии қисман садамавӣ мавҷуд мебошад, ки 15 адади онҳо шахсӣ ҳастанд. Дар ноҳияи А.Ҷомӣ кӯдакон ҳамагӣ 3 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин нокифоя ва дар сатҳи паст мебошад. Аз ҳама баландтарин фарогирӣ ба кӯдакистонҳо дар шаҳри Бохтар мебошад, ки 22 фоизро ташкил медиҳад.

А. Олимӣ афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон 23 ҳолати даст ба худкушӣ задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки чунин ҳолат бештар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ёвон, Темурмалик ба назар мерасад.

С. АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш