Нашрияи Омӯзгор

Фотеҳи қуллаҳои баланди илм

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия, Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, Академияи муҳандисии ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи муҳандисии байналхалқӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Тоҷикматлубот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳамид Маҷидов фарзанди маорифпарвар ва яке аз нахустмуаллимони дараи Алмосии шаҳри Ҳисор Маҷид Раҳимов мебошад.

Ӯ соли 1962 ба факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил гардида, соли 1967 онро бо ихтисоси муаллими физика ва фанҳои умумитехникӣ хатм намуд.

Соли 1967 Ҳамид Маҷидов ба аспирантураи кафедраи физикаи умумии ҳамин донишкада аз рӯи ихтисоси «Физикаи гармӣ ва физикаи молекулӣ» дохил гардид.

Тадқиқоти худро Ҳамид Маҷидов ҷамъбаст намуда, моҳи декабри соли 1972 дар Шӯрои диссертатсиониии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар мавзӯи «Гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаи сирко дар фишор ва ҳароратҳои баланд» рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гардид. Соли 1978 ба Ҳамид Маҷидов унвони илмии дотсенти кафедраи физикаи умумӣ дода шуд. Дар лабораторияи илмӣ-тадқиқотии таъсисдодаи худ дотсент Ҳамид Маҷидов ҳамроҳи аспирантон ва унвонҷӯён ба тадқиқи хосиятҳои гармофизикии як қатор ҷисмҳои сахт, моеъҳо ва газҳо машғул гардид ва натиҷаҳои тадқиқоти худро ба шакли мақолаю маърӯзаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он чоп намуд.

Баъди чопи мақолаҳои илмӣ, лабораторияи илмӣ-татқиқотии таъсисидодаи дотсент Ҳамид Маҷидов шуҳрати умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ пайдо намуд.

Дар давоми солҳои 1978-1990 дар лабораторияи илмӣ-тадқиқотии «Физикаи гармӣ ва физикаи молекулавӣ»-и кафедраи физикаи умумии Донишкадаи мазкур, таҳти роҳбарии дотсент Ҳамид Маҷидов хосиятҳои гармофизикии катализаторҳои донагии истеҳсолкардаи Пажӯҳишгоҳи кимиёи амалии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) вобаста ба ҳарорату фишор дар муҳитҳои газии гуногун ва дар шароити вакуум тадқиқ карда шуданд.

Бо дарназардошти натиҷаҳои илмии бадастовардаи устод Ҳамид Маҷидов ва шогирдонаш, лабораторияи илмӣ-тадқиқотии таъсисдодаи ӯ бо қарори Шӯрои илмӣ ба лабораторияи проблемавии «Физикаи гармӣ ва физикаи молекулавӣ»-и донишкада табдил дода шуд ва дар он доир ба тадқиқи хосиятҳои гармифизикии ҷисмҳои сахт, моеъҳо ва газҳо мактаби илмии омода намудани физикҳои ватанӣ ташкил карда шуд.

Соли 1990 Ҳамид Маҷидов дар мавзӯи «Хосиятҳои гармофизикии системаҳои донагии барои тақсим намудани сӯзишвориҳои моеи яктаркиба истифодашаванда» дар Пажӯҳишгоҳи энергетикаи ядрои Академияи улуми Беларус рисолаи докториро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ сазовор гардид.

Муҳаққиқи донишманд соли 1991 ба гирифтани унвони илмии профессори кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев сарфароз гардид.

Бо сарварии профессор Ҳамид Маҷидов ба унвони доктори илмҳои техникӣ як нафар, номзадҳои илмҳои техникӣ, физика ва математика зиёда аз 15 нафар ва номзади илмҳои педагогӣ 5 нафар сазовор шудаанд.

Профессор Ҳамид Маҷидов дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ИМА, Испания, Олмон, Чехословакия, Австрия ҳамчун олими барҷаста шинохта шудааст ва мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи Русия, Беларус, Тоҷикистон, Озарбойҷон - «Журнал физической химии», «Инжинерно-физический журнал», «Теплофизика высоких температур», «Нефт и газ», «Приборостроения», «Маърӯзаи Академияи илмҳои Тоҷикистон», «Ахбороти Академияи илмҳои Тоҷикистон» чоп гардидаанд.

Профессор Ҳамид Маҷидов зиёда аз 440 мақолаи илмӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ чоп намуда, муаллифи якчанд ихтироъ мебошад. Аз китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методии олим донишҷӯён, аспирантон, устодони мактабҳои олӣ ва омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ӯ муаллифи китоби дарсии «Физика» барои синфҳои 7,8,9,10 ва «Нуҷум» барои синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад.

Ӯ, инчунин, муаллифи барномаи намунавӣ ва китоби дарсӣ аз фанҳои «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» барои ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарии мактабҳои олии ҷумҳурӣ, стандарти давлатии фанни физика барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, барномаи физика барои синфҳои 7-11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва китоби дарсии «Техникаи гармӣ» мебошад.

Профессор Ҳамид Маҷидов дар семинари ҷумҳуриявии таъсисдодаи маркази идораи «Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон» дар мавзӯи «Ҷомеаи муосир ва талабот ба нақшаю барнома ва китобҳои нави дарсӣ», ки соли 2006 гузаронида шуд, фаъолона ширкат варзида, дар сексияи физика суханронӣ карда, андешаҳои судбахши худро дар хусуси барнома ва китобҳои дарсии физика барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баён намуд. Дар ин семинар профессор Ҳ. Маҷидовро раиси ҳайати муаллифони китобҳои дарсӣ аз фанни «Физика» интихоб намуданд. Таҳти сарварии ӯ китобҳои дарсӣ аз ҳисоби маблағгузории бонки Осиёии Рушд барои синфҳои 7,8,9,10,11 таълиф шуданд, ки муаллифи 4 – тои он (синфҳои 7, 8, 9, 10) Ҳамид Маҷидов мебошад.

Корҳои илмии Ҳ.Маҷидов аҳамияти стратегӣ дошта, дар системаҳои кайҳонӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Дастгоҳҳои таҷрибавие, ки профессор Ҳамид Маҷидов барои ченкунии хосиятҳои гармофизикии моддаҳо сохтааст, дар бисёр лабораторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самаранок истифода бурда мешаванд.

Профессор Ҳамид Маҷидов якчанд сол мешавад, ки бо заводи таҷрибавии истеҳсолии алюминии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамид Маҷидов дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳоло ба номи С. Айнӣ) то соли 1987 ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент кор карда, аз соли 1987 то соли 1994 сарварии кафедраи физикаи умумиро ба уҳда дошт.

Мавсуф дар давраи сарвариаш кафедраро ба яке аз кафедраҳои беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод. Кафедра дорои лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва лабораторияҳои таълимии ба таври замонавӣ таҷҳизонидашуда гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аксарияти устодони кафедраи «Физикаи умумӣ» таҳти роҳбарии профессор Ҳамид Маҷидов рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби унвонҳои доктори илмҳои техникӣ, номзади илмҳои физикаю математика ва илмҳои техникӣ гардиданд.

Профессор Ҳамид Маҷидов дар ДДТТ худро ҳамчун шахси донишманд, ташаббускор ва роҳбари эҷодкор нишон дода, дар вазифаҳои ноиби ректор доир ба таълиму тарбия, ноиби ректор доир ба корҳои илмӣ, декани факултаи «Тиҷорат ва гумрук», «Сардори департаменти таълим», мудири кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» фаъолият намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ донишкада ба татбиқи нақшаҳои таълимии нав аз рӯи 11 ихтисос гузашт.

Профессор Ҳамид Маҷидов талаботҳои иқтисоди бозоргониро ба эътибор гирифта, як қатор низомномаҳоро оид ба амалӣ гардонидани нақшаҳои таълимии нав, барномаҳои таълимӣ, аттестатсияи донишҷӯён ва устодон, корҳои илмӣ-тадқиқотиро кор карда баромадааст.

Аз моҳи сентябри соли 1999 профессор Ҳамид Маҷидов бо мақсади баланд бардоштани ҷараёни таълиму тарбия ба вазифаи декани факултаи «Тиҷорат ва гумрук» гузаронида шуд.

Профессор Ҳамид Маҷидов солҳои 1994 – 1999 раиси Шӯрои илмӣ-методӣ, шӯрои илмӣ-техникии донишгоҳро ба уҳда дошт ва кори ин шӯроҳоро дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монд. Ӯ аъзои Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика, аъзои Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ба номи Носири Хусрав доир ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ, 5 сол узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба гирифтани дараҷаҳои илмии номзади илмҳои физикаю математика ва номзади илмҳои техникӣ буд.

Профессор Ҳамид Маҷидов дар тарбияи кадрҳои илмӣ-педагогии соҳаҳои физикаю педагогика саҳми калон дорад ва бо чандин рисолаи номзадию докторӣ барои гирифтани дараҷаи илмии номзадӣ ва доктори илмҳои техникӣ, физикаю математика ва педагогӣ оппонентӣ намудааст.

Аз соли 2010 то соли 2012 сарварии кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дар ин муҳлат ӯ потенсиали илмии кафедраро хеле баланд бардошт. Ҳар сол дар ҷамъбасти корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра дар донишгоҳ ҷойи аввалро ишғол менамуд.

Профессор Ҳамид Маҷидов чандин сол раиси «Гурӯҳи коршиносони фанни физика» ва узви Шӯрои Миллии таҳсилот»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар беҳтар гардидани сифати китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ доир ба физика саҳми арзанда гузошта истодааст.

Хизматҳои профессор Ҳамид Маҷидовро дар инкишофи илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба эътибор гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ 4-уми сентябри соли 1991 ӯро бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардонид.

 

А. Неъматов,

С. Сияҳаков,

У. Умаров,

устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш