Аз мутолиаи навиштаи тозаи устоди фозил С.Ятимов, ки зери унвони «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» дар нашрияи «Омӯзгор» (№25, аз 21 июли соли 2018) чоп шудааст, рӯҳбаланд шуда, бо муаллифи мақола ҳамфикрам ва мехоҳам назари худро дар мавзӯи матраҳшуда иброз намоям.
Ҷаззобият ва таъсирбахшии навиштаи С. Ятимов дар он аст, ки донишманди соҳибандеша дар мақолаи таҳлилии худ барои тақвияти афкори хеш аз панду андарзҳои бузургоне, чун Афлотун, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо бисёр устодона ва бамавқеъ истифода кардааст. Қабл аз ҳама бигӯем, ки тарбия чист? Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (№1004, аз 22 июли соли 2013) омадааст:
«Тарбия ин раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.» Мусаллам аст, ки тарбияи кӯдак масъулияти сахту сангин ва кори мушкил аст. Як соат дер кардан дар тарбияи кӯдак раво нест, зеро он ба ташаккули шахсияти ӯ бетаъсир нахоҳад буд.
Сиёсатмадори донишманд С. Ятимов ба ин масъала (террори наздикон. Т. С.) дахл карда, онро фарохтар ва аз нигоҳи таҳлилӣ арзёбӣ намуда, ба хонанда пешниҳод кардааст. Ӯ менависад:
«Таърихи миллатҳо ҳазорҳо мисолҳо дорад, ки ҳангоми ба дасти ашхоси ифротӣ афтодани фарзандон онҳо на танҳо ба бегонагон, балки ба падару модар ва хоҳару бародари хеш раҳм накардаанд.»
Муаллифи «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» дар ҳамин ҷои мақолааш бо фатвои муллоҳои давр аз ваҳшиёна бо дасти писараш Абдулатиф кушта шудани ҳокими сарфароз ва донишманди Самарқанд Мирзо Улуғбек дар соли 1449 ва аз Алӣ Сакра- ҷавони 20 - солаи дар шаҳри Раққаи Сурия модари худро дар мазҳари ом ба қатл расонида, ин ваҳшонияти худро ба навор гирифта ёд мекунад. Хулосаи муаллифи мақола дар бораи ин ду ҷиноят ин аст, ки «ин амалҳои манҳуси ҷинояткорона на дар ҳолати саросемагӣ, ҳиссиёт, қаҳру ғазаб (аффект), балки мақсаднок, бошуурона роҳандозӣ гаштааст.» Ин даҳшат аст, вақте ҷигарбанди бо сад умеду орзуҳои ширин парвардаат ба хотири ҷоҳу мансабатро соҳиб шудан ва ё барои роҳи дурусти зиндагӣ ба ӯ нишон додан қатлат мекунад ва аз ин аъмоли касифи ғайриинсониаш бошуурона, аммо беақлона ифтихор мекунад. Ва сабаби чунин натиҷа додани ин ду ҳолат ҷойгир гардидани фатвои дурӯғин дар майна, заҳролуд шудани андеша ва дуруст шуморидани аъмоли ботил мебошад. С. Ятимов менависад, ки «барои асоснокии қатли падар, писар аз муллоҳои замон фатвои хаттӣ ҳам гирифтааст», яъне барояш санад додаанд, ки куштани падар ҳалол аст. Ва ин ҷо гуноҳи муллоҳои хурофотпешаи душмани илм, ки ба дуруст будани қатли падару модар фатво додаанд, камтар аз гуноҳи он қотилони бадбахт нест. Онҳое ҳам, ки ашхоси огаҳӣ надошта аз бозиҳои ифлоси ҷаҳонхорони ҷадид, навҷавонони бехабар аз найрангҳои хадамоти истихборотии абарқудратҳои дунёро барои одамкушӣ ба Афғонистону Ироқу Сурия ҷалб мекунанд, ҳама фитнагару манҳусу душмани инсониятанд. Чун имрӯзҳо шомили гурӯҳҳои террористӣ шудани баъзе аз ҷавонон ва ашхоси бесаводу бехабар аз бозиҳои геополитикиро мешунавему аз матбуот мехонем, ба ёдам солҳои 1991-1992 меояд, ки чӣ хел аз гумроҳиву бехабарии мо доираҳои манфиатҷӯйи дохиливу хориҷӣ истифода карда будаанд.
Муаллифи мақола менависад: « баъзе аз тоифаҳои мардум ҳамчун хулосаи бади ташхиси тиббии бемории сиҳатнопазир аст- оне, ки дар ҷавонӣ, сарфи назар аз сифати физиологии майна тарбияи носолимро дид, ғайри имкони ислоҳ мебошад».
Такрор ба такрор аз тарафи роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон таъкид шудани ба қадри сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ расидан, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардидан, аз сиёсатҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумат пуштибонӣ кардан ба хотири он аст, ки нақшаҳои сиёҳи ҷангҷӯён, ниятҳои нопоки душманону бадхоҳони миллату давлати тоҷик нақше бар обу таги хок шавад.
Тарбия кардани кӯдакон, чуноне болотар ёд овардам, кори пурмасъулият ва сангин аст. Аз ман зеботар донишманд С. Ятимов ин мавзӯъро аз забони файласуфи немис Кант баён намудааст:
«Тарбия санъат аст... ҳар як насл метавонад зина ба зина ҳамон намуди тарбияро ба роҳ монад, ки тавассути кушодани имконоти табиии он, мутаносибан ва мақсаднок инсониятро ба таъйиноти худи инсон расонад.»
Пас, имрӯз аз санъати тарбиятгарии мо, маорифчиён, вобаста аст, ки насли наврасро чӣ гуна тарбия мекунем ва оё муваффақ мешавем мақсаднок тарбиятгирандагонро ба манзили умед бирасонем? Ба андешаи ман, дар замони муосир, ки интернет афкори ҳамаро мағшуш ва машғул сохтааст, таълиму тарбияи хонандагони мактаб бисёр мушкил гардидааст. Дар бораи имрӯзу ояндаи тифлони мактаб ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ бояд ҷиддӣ фикр кунанд, дар ин самт чораҳои муассири тарбиявӣ андешидан лозим аст, то ин ки аз ин бедонишӣ ва заъфи ақлонии наврасону ҷавонони мо доираҳои бадхоҳу манфиатҷӯй бо ниятҳои нопок истифода накунанд. Сиёсатмадор ва донишманди рӯзгордида С. Ятимов ин масъаларо бисёр зебо шарҳ дода, менависад:
«Инсонеро, ки боақл, соҳибилм, соҳибмаърифат аст, «аз ҷойи худаш гирифта ба ҷойи дигар гузоштан» (фиреб кардан, истифода бурдан), ниҳоят мушкил аст, зеро ақл, дониш, хирад вазн дорад. Нафаре, ки ақл надорад, сабук аст. Дар ӯ вазн дар шакли ақл нест. Ақл бошад, худаш қувва аст, қудрат аст.»
Навиштаҳои ҷанбаи фарохи таълимӣ - тарбиявӣ доштаи донишманд С. Ятимов таҳрикам дод то назари худро оид ба тарбия бо такя ба андешаҳои тарбиявӣ ва ахлоқии ду тоҷикмарди бузурги илм ва адабиёт Шайх Саъдӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баён намоям.
Мақолаи худро С. Ятимов бо суханони файласуф Иммануил Кант зиннат дода, мегӯяд:
«Таваҷҷуҳи ҳар як ҷавонмардро ба зарурати додани ҳисоботи ҳаррӯза дар назди худ водор бояд сохт, ки ӯ дар охир имкони дурусти ҷамъбасти зиндагиашро дошта бошад.» Ин «дар назди худ ҳисоботи ҳаррӯза додан» байти машҳури устод Лоҳутиро ба ёд меорад, ки гуфта:
Ҳар шаб зи худат бипурс,
агар ту мардӣ,
К - имрӯз чӣ хидмате ба
мардум кардӣ.
Дар «Охирсухан»-и мақолаи худ сиёсатмадори донишманд Саймумин Ятимов аз ҷавонон ва аҳли ҷомеа мехоҳад, ки аз зиндагӣ ва талошу пайкорҳои ибратомӯз ва созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҷҳи аҳсан пайравӣ кунанд, ҳама ва ҳамеша бо дасту дили гарм дар атрофи ин шахсияти бузурги миллатсоз мутаҳҳид бошанд.
«Мушкилнописандӣ, сабру тоқат, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардӣ, ақлу хирад, соҳибназариро аз Ӯ бояд омӯхт. Давра ба давра, насл ба насл ин маънавиётро ҳамчун мароми пойдории миллат, ба ояндагон бояд расонид. Аз ин падида ифтихор бояд дошт. Ба Ӯ пайравӣ кард. Аз Ӯ намуна гирифт».
Толибшо Саидов,
сармутахассиси раёсати
маорифи ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр