Нашрияи Омӯзгор

Подшоҳи одилро кӣ намехоҳад?!

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Романи Восеъ яке аз маъруфтарин асарҳои адабиёти тоҷики садаи ХХ ба шумор меравад. Ин романи устод Сотим Улуғзода борҳо чоп шудаву ба дасти хонандагони сершумори худ расидааст. Он ба забони русӣ низ ду маротиба дар солҳои 1976 ва 1980 дар нашриёти «Советский писатель» дар тарҷумаи Павел Лукнитский рӯи чопро дидааст. Дар роман ҳаёти вазнину пурзаҳмати халқи тоҷик дар гузашта ва шӯриши деҳқонон бо сардории Восеъ бар зидди ҷабру зулми амирон дар қаламрави аморати Бухоро дар солҳои 80-уми асри XIХ тасвир шудааст. Зимни тасвир нависанда муҳаббати худро ба халқи рус ва сохти пешқадами давлатдории Россия ифода мекунад.

Дар роман лаҳзае ҳаст, ки Восеъ ба мардикории русҳо машғул мешавад. Воқеа чунин буд: Восеъ дар Шаҳрисабз чораи халосии дӯсташ Назирро, ки бо туҳмати одамкушӣ ҳабс шуда, аз он ҷо гурехта буд, меҷуст. Пас аз чанде гунаҳкор ёфт шуд ва гуноҳ аз гардани Назир бардошта шуд, вале худи Назир аз ин чиз огоҳ набуд. Ҳоло ӯ дар куҷост, касе намедонист. Аммо Восеъ акнун аз ваҷҳи ӯ хотирҷамъ буд ва медонист, ки агар Назир аз ёфт шудани гунаҳкори ҳақиқӣ хабар ёбад, худро ошкор хоҳад кард ва ба Балҷувон хоҳад баргашт. Пулҳои Восеъ тамом шуда буданд ва ӯ хост мардикорӣ карда, музде ёбад.

Чанде пеш аз Тошканду Самарқанд ба вилояти Шаҳрисабз барои мубориза бо малах як гурӯҳ русҳо омада буданд. Дастаи малахкуш баъди анҷоми кор дар бозгашт барои маркабҳо ва борҳояшонро то Самарқанд расонда додан ду-се нафар одам киро карданӣ шуданд. Як шиноси Восеъ аз ин кор хабардор шуда, ӯро ба назди онҳо бурд ва ба хизмат қабул кунонд. Русҳо ба ҳар кадом одами кирошуда ғайр аз тӯшаи сафар боз панҷсумӣ пули русӣ ҳам доданӣ шуданд. Ин пули калоне буд, ки барои хизмати ду-се шабонарӯзӣ дода мешуд.

Ҳангоми сафар гуфтугӯи сардори даста бо Восеъ баргузор мегардад, ки онро тотори тарҷумон тарҷума мекард. Барои ба хонанда возеҳтар ифода кардани фикр ин ҷо порчаеро аз роман, ки муҳтавои гуфтугӯи онҳоро дар бар мегирад, меорем:

 Дар байни гуфтугӯ калони даста ногаҳон пурсид:

- Амир хуб аст? Фуқарояшро дӯст медорад?

 Восеъ тааммул карда ҷавоб дод:

- Амирро ман фақат як бор дар Қаршӣ дидам, тӯра. Ба вай корам наафтидааст. Аммо агар ҳокиму раису қозию амлокдорони амирро пурсед, фуқаро аз онҳо безоранд.

-Безор? – гашта пурсид руси малламӯй.

-Ҳазор маротиба безор, - гуфт Восеъ. – Онҳо одам не, ҳама гургу палангони гуруснаанд, тӯра. Фуқароро гусфандвор медаранд. Ман хаёл карда будам, ки амалдорони бад, бераҳм, дузд, порахӯр ба кӯҳистони мо мераванду амалдорони ин тарафҳо боинсофтаранд, чунки ба чашми амир наздиканд, аз амир метарсанд. Аммо дидам, ки зоти ҳамаашон як будааст. Яке аз дигараш бадтар.

Восеъ атвору кирдори амлокдорони Ховалингу Сарихосорро мисол овард, воқеаи ҷаримакашии худаш ва ҳабси Назирро нақл кард. Ӯ Назирро ба худ бародари қиёматӣ - «ду дунёӣ» номида буд, ки рус ҳам, тотор ҳам ба ин нукта мароқи хосе зоҳир карданд. Наход, ки Восеъ маҳз аз паи халосии Назир ин ҳама сарсонӣ ва машаққати мусофиратро ба гардан гирифта бошад?

Восеъ дид, ки ҳамсуҳбатонаш як қадар дар тааҷҷуб мондаанд. Рус ба рӯи Восеъ, мисли ин ки ӯро пеш аз ин дар куҷо дидани худро ба ёд меоварда бошад, бо диққати бештаре нигоҳ мекард. Ӯ боз нохост пурсид: - Агар аз халқи кӯҳистон пурсанд, ки оё фуқарои подшоҳи рус шудан мехоҳед ё не, фуқаро чӣ мегуфта бошанд? Худи Восеъ ба ин чӣ мегӯяд?

- Ман урусро бори аввал дида истодаам, - ҷавоб дод Восеъ, - чӣ хел будани онҳоро намедонам. Дар кӯҳистони мо якто-нимто одамони ҷаҳонгашта мегӯянд, ки урусҳо «закун» гуфтанӣ як чиз доранд, он закунро подшоҳашон дар хазина андохта мондагӣ, подшоҳ ҳар касеро, ки амалдор таъйин кунад, ба вай ҳамон чизро бароварда нишон медиҳад. Дар закун чӣ хел фуқародорӣ кардан, чӣ қадар хироҷу закот гирифтан, мардумро бе ваҷҳ зиндон накардан, ҷарима накардан, азоб надодан, ҳамааш гуфта шудагӣ, амалдор аз ҳамон закун бурун баромада наметавонистааст, агар берун барояд, подшоҳ даррав он амалдорро аз амал мефуровардааст… Ҳамин рост бошад ё дурӯғ?

- Агар рост бошад – чӣ?

- Рост бошад, кори нағз, соз будааст.

-Агар рост бошад, фуқарои подшоҳи рус шудан мехоҳед?

- Подшоҳи одилро кӣ намехоҳад? Ҳама мехоҳанд.

- Кофир бошад ҳам, майлаш?

- Подшоҳи кофири одил аз подшоҳи мусулмони золим сад бор беҳ»  («Восеъ», Душанбе – 2018, саҳ.115-116).

Ҳамин тавр, нависандаи ботаҷриба дар симои як нафар марди кӯҳистонӣ – Восеъ майлу хоҳиши тамоми кӯҳистониёнро ифода кардааст, ки ин майлу хоҳиши мардум рафта-рафта боиси  ҳамроҳшавии аморати Бухоро ва умуман, Осиёи Миёна ба Россия гардид.

Қурбонмат ДАДОМАТОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ноҳияи Ашт

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш