Нашрияи Омӯзгор

Улуғзода ва Фирдавсӣ: зиндагии шабеҳи ҳамдигар

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Аввалин шиносоии Сотим Улуғзода бо таърихи халқи худ ба қавли профессори рус М.С.Андреев, дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд оғоз ёфта, то охири умраш давом кардааст. Яъне, дар тӯли 86 соли зиндагии ноором ва пӯршӯру шаре, ки дошт, нависанда 70 соли онро тақрибан сарфи омӯзиш ва эҷод қарор додааст. 

 

Ин ҷо мехоҳем дилбастагии устодро ҷиҳати шинохти Фирдавсӣ ва шоҳкории безаволи ӯ «Шоҳнома» ба таври мухтасар баён созем, ки баъдтар ин шинохт ба эҷоди романи «Фирдавсӣ»- охирин асари С.Улуғзода сабаб гардид.

Соли 1934 Сотими ҷавон, ки нав по ба арсаи адабиёт мегузошт, дар маҷлиси Иттифоқи нависандагон, ки ба хотири гиромидошти Абдулқосим Фирдавсӣ барпо гашта буд, иштирок менамояд. Дар он маҷлис устодон С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва А.Фитрат дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ суханронӣ менамоянд. Ба гуфти нависанда, ҳамон сол аввалин бор дар дили ӯ як шуълае нисбат ба Ҳаким Фирдавсӣ ва шоҳкории ӯ «Шоҳнома» афрӯхта шуд.  Улуғзода ба Фирдавсӣ на чун адиб, балки ба таъбири Анварии Абевардӣ, «ӯ на устод буду мо шогирд, ӯ Худованд буду мо банда» нигоҳ мекунад. Ӯ ба омӯзиши ҷиддии «Шоҳнома» шурӯъ мекунад ва ин шоҳкорӣ китоби доимии рӯимизии устод будааст. Аммо барои навиштани асар ҳоло  ҷуръат ва дониши худро кам мешумурд. Улуғзода  ҷустуҷӯ ва омӯзиши ниёгони худро давом дода, дар бораи Рӯдакӣ, А. Сино, А. Дониш, Темурмалик асарҳои драмавӣ меофарад. Соли 1967 романи «Восеъ», соли 1975 «Ривояти суғдӣ» ва соли 1980 «Пири ҳакимони Машриқзамин»-ро меофарад. Дар аввал достонҳои «Шоҳнома»-ро дар ду қисм (1976-1977) барои наврасон таҳия менамояд.  Соли 1943 ҳамроҳи устод С.Айнӣ сафари ба Бухоро доштааш шавқи ӯро ба омӯзиши таърихи миллат, фоҷеаҳои ба сари ин миллат омада, хатоиҳои роҳбарони ин миллат, зиёрати ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла, мақбараи Исмоили Сомонӣ хеле ва хеле ба дуриҳо мебурд ва ӯ беқаророна ҷустуҷӯро давом медод. Улуғзодаро беқадрии «Шоҳнома» ва офаридагори ӯ, бо 35 соли заҳмат дар гӯристони шаҳрӣ ҷой  наёфтани наъши ӯ, фоҷеаи аз байн рафтани давлати  Сомониён ором намегузошт. С. Улуғзода асари безаволи А. Фирдавсӣ- «Шоҳнома»-ро идеали эҷодии худ медонад ва таърихи миллати худ ва фоҷеаҳои онро аз ин асар меҷӯяд. Шояд зиндагии шахсии устод Сотим Улуғзода, ки низ пур аз хатару ҳодисаҳои ғамангез буд,  ӯро ба ин ҷода- яъне офаридани романи «Фирдавсӣ» ҳидоят карда бошад. Баъди фирори писараш Азиз ба хориҷи кишвар асарҳои нависанда аз чоп боздошта мешавад, омӯзиши эҷодиёти ӯро аз барномаҳои мактабӣ берун мекунанд, ӯро маҷбур мекунанд, ки аз писараш рӯ гардонад. Ба хотири нависанда кӯч бастан ба Тошканд, фавти бародари калонии  Азиз, марги  волидон, солҳои ноороми 30-юм, иштирок дар Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ, интихоб ба маснади раиси Иттифоқи нависандагон ва ба зудӣ сабукдӯш шудан аз ин вазифа, ҳуҷуми «беадолатона» ба «Ривояти суғдӣ,» ҷашн нагирифтани 70-солагиаш мерасад ва зиндагии худро монанди Фирдавсӣ мебинад. Чунончӣ, писари Фирдавсӣ низ ба майнӯшӣ дода шуда, аз хонаи падар фирор мекунад, завҷааш вафот мекунад, худаш хонашин ва дар Ҳироту Ғазнӣ овора мешавад. Ҳам Фотима, ҳамсари Фирдавсӣ ва ҳам Клавдия, ҳамсари Улуғзода дуфарзандӣ-як писару як духтар доштанд. Дар рӯзҳои сахтӣ ба сари онҳо омада, маҳз ғамхор, мушфиқ ва парасторони онҳо ҳамсаронашон буданд.

Сотим Улуғзода ниҳоят даст ба  эҷоди романи «Фирдавсӣ» мезанад, ки он аз 2 қисм, 49 фасл ва хотима иборат мебошад. Нависанда идеали аслии ормонҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии худро дар асар ҷой медиҳад. С.Улуғзода ба дифои адабиёту фарҳанг ва забони миллӣ бархоста, гӯиё аз омадани фоҷеае ҳушдор медод ва мардумро ба худшиносӣ ва худоогоҳӣ даъват мекард. Аммо чӣ тавре ки Фирдавсӣ шоҳиди барҳамхӯрии давлати Сомониён гардида буд, Улуғзода аз байн рафтани давлати Шӯравиро баръало мушоҳида мекунад. Нооромиҳои солҳои 90-ум адиби бемор ва куҳансолро маҷбур карданд, ки аз пойтахт, ки 56 сол муқими он буд, ба  Маскав кӯч бандад. Фоҷеаи миллат бори дигар хотираҳои талхи солҳои 70-умро ба ёдаш овард. Ӯ мисли устоди худ Айнӣ якрӯ буд, чоплусӣ, тамаллуқ ва хушомадгӯӣ дар вуҷудаш набуд. Чи тавре ки дар боло ишора кардем, гӯё пешакӣ медонист, ки рӯзе халқаш ба асли худ бармегардад, ояндаи худро дар гузашта меҷӯяд.  Ва ҳамин тавр ҳам шуд.  Баъди чопи роман, соли 1999, 1100-солагии давлати Сомониён ва соли 1994 1020-солагии «Шоҳнома» ва Фирдавсӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Душанбе ноҳияе номи офаридагори суханро гирифта, ҳайкали барқадаш афрохта мешавад.

Гӯё дер бошад ҳам, ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ба хотир оред, пушаймонии Маҳмуди Ғазнавӣ ва туҳфа фиристодани ӯ ба Фирдавсӣ ва қабул нашудани он аз тарафи духтари шоирро. Сотим Улуғзода ҳам соҳиби унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мегардад, соли 1990 Ҷоизаи Рӯдакиро  мегирад, соли 1997 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон романи «Фирдавсӣ» - «Романи сол» эълон мегардад ва бо 40 сиккаи тиллоӣ  (4 ҳазор доллари амрикоӣ) қадршиносӣ мегардад.

Ҳасани АЛИМПУР,

омӯзгори мактаби №10-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш