Нашрияи Омӯзгор

Ҷисми солим омили комёбиҳост

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз зинаи аввали таҳсилот то зинаи охир таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ муқаррар карда шудааст. Солҳои пешин нисбат ба ин фан аз ҷониби маъмурияти мактабҳо як навъ саҳлангорӣ ба мушоҳида мерасид. Аз ин боис таълими фанни тарбияи ҷисмониро ҳамчун сарборӣ ба омӯзгорони алоҳида ё ҳамчун «дастгирию ёрӣ» ба муаллимони дарсашон кам ва ё ба омӯзгорони камтаҷрибаю камлаёқат вогузор мекарданд. Дар аксар мактабҳо (махсусан, дар деҳот) барои таълими шоистаи ин фан шароити мувофиқ муҳайё набуд. Таҷҳизоти таълимӣ низ бештар дастнорас (асосан, 1-2 тӯби футбол ё волейбол вуҷуд дошт) буд. Хушбахтона, солҳои охир ин ҳолати ногувор тадриҷан аз байн меравад ва фанни тарбияи ҷисмонӣ дар қатори фанҳои асосии таълимӣ мавқеъ пайдо мекунад. Ҳоло ба шарофати Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, мактабҳо дар тамоми шаҳру деҳот обод мешаванду такмил меёбанд. Дар назди деҳоту маҳалҳо майдончаҳои варзишӣ арзи ҳастӣ мекунанд, албатта, дар назди мактабҳо низ. Ҳама бо таҷҳизоту олоти варзишӣ таъминанд. Дигар таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ ба зиммаи омӯзгорони соҳибихтисос вогузошта мешавад. Ҳатто тамоми мактабҳову синфҳо бо китоби дарсии тарбияи ҷисмонӣ таъминанд, ки ин ҳолат дар тамоми давраи Шӯравӣ ба мушоҳида намерасид.

Ҳоло вақти он расида, ки мазмуну муҳтавои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ такмил дода шаванд. Дар таълими ин фан низ аз усулҳои фаъоли таълим, аз низоми таҳсилоти босалоҳият васеъ истифода бояд кард. Бояд дар назар дошт, ки фанни тарбияи ҷисмонӣ ду ҳадафи асосӣ дорад: а) таъмини рушду обутоби ҷисмонии насли наврас, ҳифзу устуворсозии солимии мактабиён, б) омодасозии варзишгарони оянда, алоқамандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.

Мегӯянд, ки тарбияи ҷисмонӣ бақои ҷавонист. Ҳар қадар шахс ба обутоби бадан, бо машқҳои серҳаракат машғул шавад, ҳамон қадар неруманд, боирода, солим ва устувору қавӣ хоҳад буд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо ҳам иртиботи ҳамешагӣ доранд ва гоҳе муродифи ҳамдигар дониста мешаванд. Тарбияи ҷисмонӣ варзиш аст ва ин ду омил дар якҷоягӣ солимии шахсро таъмин месозанд. Ин нуктаро бояд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ҳамеша дар назар дошта бошад.

Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ танҳо ба варзиш, ба намудҳои гуногуни бозиҳо машғул шудан ҳаргиз раво нест. Ҳамчунин, дар ин дарсҳо бояд оид ба аҳамияту моҳияти варзиш, оид ба варзишгарони номвар, оид ба рекордҳои варзиш оид ба намудҳои варзиш маълумоти ҷолибу муассиру пурдалел ироа кард. Вобаста ба таваҷҷуҳу хостаҳо ва майлу рағбати хонандагон ташкил намудани баъзе лаҳзаҳои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ё дарсҳои махсус ҳам манфиатовар хоҳад буд. Масалан, соли гузашта зимни дарсе як хонанда аз ман пурсид, ки «муаллим, варзиши шифоӣ чӣ маънӣ дорад, ин чӣ намуди варзиш аст?». Ман дар посух нахуст ин хонандаро барои таваҷҷуҳаш ба ин ибора (варзиши шифоӣ) таҳсин гуфтам ва барои аҳли синф оид ба ин навъи варзиш дар заминаи мисолҳову далелҳо нақл кардам. Чанд навъи варзиши шифоиро (вобаста ба бемориҳои гуногун) амалан нишон додам. Зимнан таъкид кардам, ки барои машғул шудан ба варзиши шифоӣ ҳатман маслиҳати духтурро ба инобат бояд гирифт. Варзиши шифоиро ба ибораи дигар, варзиши шифобахш низ метавон гуфт ва солҳои охир он беш аз пеш ривоҷ меёбаду доираи васеи одамонро фаро мегирад. Барои варзиши шифоӣ марказҳои махсуси варзишӣ ифтитоҳ ёфтаанду комилан муҷаҳҳазанд…

Ҳамин тавр, дарси тарбияи ҷисмонӣ дар таълимгоҳҳои кишварамон давра ба давра бештар пурмуҳтавою фарогир мешавад.

Фазолатхон Солиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби таҳсилоти ибтидоии

№115-и ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш