Нашрияи Омӯзгор

Татбиқи барнома  - ҳадафи аслии омӯзгорону устодон

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 1043        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати кишвар ҷиҳати  такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо мақсади он таҳия гардидааст, ки мушкилоти мавҷударо дар соҳаи таълими забонҳои мазкур нишон диҳад, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро пешбинӣ намояд ва шароитеро, ки ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас мусоидат мекунанд, муҳайё созад.

Ин аст, ки ба шарофати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тоҷикзабонон ба адабиёт ва фарҳанги ин миллатҳо низ шиносоӣ пайдо мекунанд. Адабиёт вазифаи муҳимми ташаккули завқи зебоипарастии наврасону ҷавононро ба уҳда мегирад. Ҳамзамон, бозори муосири меҳнат бо талаботи қатъии худ нисбат ба мутахассисони соҳаҳои гуногун фарқ мекунад. Аксар вақт ба ҷавонон барои дар ҳаёт татбиқ намудани неруи зеҳнии худ дар ин ё он соҳаи фаъолият, ба ғайр аз донистани забони давлатӣ, инчунин, озодона донистани забонҳои русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.

Ҷавонони имрӯза имконияти васеъро барои гирифтани таҳсилоти комил ҳам дар фазои таҳсилоти ватанӣ ва ҳам хориҷӣ доранд. Вале барои босифат аз худ намудани донишу малакаи касбӣ ва салоҳиятҳо оид ба соҳаи фаъолияти интихобнамуда, аз хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилотии таълимашон ғайрирусӣ хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад. Инчунин, пешниҳоди дониши заминавӣ ба ҷавонон дар соҳаи таҳсилоти забоншиносӣ ба зиммаи низоми давлатии таҳсилот вогузор карда шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки стратегияи таҳсилотии тамоми низоми таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шавад. Дар ин низом, дар шароити муосир якчанд самтро ҷудо кардан зарур аст:

- ба таври нокифоя тайёр будани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ба ин сабаб, дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ мавҷуд набудани малакаҳои одии фаъолияти таълимӣ;

- ҳаддалимкон зиёд будани назарияи таълими забонҳо дар зинаи таҳсилоти умумӣ, ки ба талафоти назарраси вақти таълим ва тайёрии нокифояи амалии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои таълим дар зинаи минбаъдаи низоми таҳсил - дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оварда мерасонад;

- самаранок набудани мазмуни барномаи таълими забоншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки ба такмили фаъолияти касбӣ имкон намедиҳад;

- зарурати таълими босифати забони давлатӣ барои самаранок таълим додани забонҳои русӣ ва англисӣ.

Ҷомеаи имрӯза босуръат рушд мекунад. Ташаккули насли нав, ки забонҳои русӣ ва англисиро озодона медонад,  ҳатман зарурати таҳия ва тасдиқи барномаҳои омӯзиши бисёрзинагии забондониро дар асоси стандартҳои байналмилалии омӯзиши забон, тарзи таълим ва низоми баҳогузорӣ ба он ба миён меорад. Нокифоя будани ташаккул ва рушди инфрасохтор, шабакаи акредитатсияшудаи марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ раванди омӯзиши забонҳоро ҳавасманд намесозад, барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии забономӯзии аҳолӣ ва куллан беҳтар гардидани сифати таълими забонҳои русӣ ва англисӣ  мусоидат намекунад.

Методология ва методикаи муосири омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бознигарӣ ва такмили системаи омода намудани кадрҳоро барои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ тақозо менамояд. Дар таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки ҳалли худро наёфта, дар солҳои охир зиёд шуда истодаанд. Омилҳои бавуҷудорандаи ин мушкилот ҳам дар дохил ва ҳам берун аз низоми маориф қарор дошта, ҳалли онҳо баррасии маҷмӯиро тақозо мекунад. Ин омилҳоро метавон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намуд: мавҷуд набудани муҳити забонӣ; норасоии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ; омода кардани омӯзгорони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ дар воҳидҳои сохтории дахлдори муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; азхудкунии нокифояи технологияҳои навтарини иттилоотӣ аз ҷониби омӯзгорон; норасоӣ дар таҷҳизонидани синфхонаҳо/аудиторияҳо бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир; норасоӣ дар тақсимбандии синфҳо/гурӯҳҳо ба зергурӯҳҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ; кам будани миқдори соатҳо барои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ.

Бо тасдиқ ва қабули барнома як қатор вазифаҳо дар назди омӯзгорон низ гузошта шуд, аз  ҷумла: ташкили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси матнҳо, ки фаъолнокии байниҳамдигарии иштирокчиёни ҷараёни таълимро таъмин месозад. Бедор намудани шавқу рағбат ба китобхонӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ. Аз ҷониби масъулин таҳияи барномаҳо барои кӯдакони синни томактабӣ оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шаклҳои бозӣ, фаъол ва интерактивӣ, ки дар муассисаҳои томактабӣ васеъ истифода шаванд. Дар марказҳои ноҳияҳо ташкил намудани марказҳои омӯзишӣ, ки ба таҳия ва такмили заминаи таълимӣ-методӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ асос мегардад. Бо ташаббуси шахсони эҳсонкор, АВО ташкили курсҳои омӯзиши забонҳо дар самти касбомӯзӣ барои ҷавонон, ки оянда мутахассиони соҳаҳои гуногун шуданро ҳадаф доранд, бо додани шаҳодатнома дар бораи сатҳи забондонӣ, ба роҳ монда шавад. Ба нақша гирифтани такмили ихтисоси омӯзгорони ихтисосманд, инчунин, фароҳам овардани шароит барои такмили низоми таҳсилоти муттасили бисёрзабонӣ (томактабӣ, умумӣ, касбӣ, баъдидипломӣва ҷ.). Бо ҳамкории масъулин ва мутахассисони иттилоот таҳия намудани луғатҳои рақамии тафсирӣ ва дузабона (тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-англисӣ, англисӣ-тоҷикӣ ва ғ.), аз ҷумла, луғатҳои истилоҳот бо дастрасии озод дар шабакаи Интернет ва дар ҳомилҳои сохти электронӣ. Ҳангоми кор дар маҳфилҳо - фаъолсозии маҳфилҳои мавзӯӣ, фаъолияти бозӣ ва лоиҳасозии хонандагон бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ; гузаронидани таҳлили таъминоти муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот бо кадрҳои педагогӣ, муайян кардани талаботу эҳтиёҷоти онҳо дар маҳалҳо ва ҳалли мушкилоти кадрӣ; ба роҳ мондани робитаҳои созандаи шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ; ташкил ва гузаронидани курсҳои забономӯзӣ дар давраи таътили тобистона дар муассисаҳои таълимӣ, дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он; зиёд кардани соатҳои таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ; дар мувофиқаи муассисаи таълимӣ бо падару модарон, хонандагону донишҷӯён тибқи талаботи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани таълими баъзе фанҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ;  зиёд намудани ҳаҷми барномаҳои телевизионӣ ва радио бо забонҳои русӣ ва англисӣ.

Муноҷот ҲАЛИМОВА,

омӯзгори забони русии мактаби №6, шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш