Нашрияи Омӯзгор

Вазифаҳои омӯзгор аз нигоҳи Ғаззолӣ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Ниёгони шарафманди мо аз илму маърифат, панду насиҳат ва ахлоқу ҳикмат кохи бегазанде бунёд намудаанд, ки то имрӯз  муҷаллову побарҷост. Осори гуҳарбори онҳо саҳифаҳои таърихи башарро рангину пурмаъно намудааст. Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи меъморони ин кохи бузург аст. Ин донишманд дар ҷодаҳои гуногуни илму ҳикмат пешниҳодҳову навгониҳои беназире ворид намудааст. Дар соҳаи илми педагогика низ андешаҳои судманде иброз намудааст, ки омӯзгори имрӯза метавонад аз онҳо баҳрабардорӣ намояд.

 Ин донишманди тавоно бар чунин андеша аст, ки бояд устод нисбат ба шогирдон мушфиқу дилсӯз бошад. Шогирдонашро дар ҳукми фарзанди худ қарор диҳад. Мақсади устод раҳонидани шогирдон аз вартаи гумроҳӣ ва расонидани онҳо ба саодатмандии дунёву охират аст. Аммо мақсади волидайн раҳонидани фарзанд аз оташи дунё аст. Сирри бартарияти ҳаққи устод аз падар низ маҳз дар ҳамин мебошад.

Инчунин, ӯ ба ин ақида аст, ки бояд шогирдони ҳар синфу гурӯҳ бо ҳам дӯсту бародар бошанд. Зеро онҳо ҳукми фарзандони як падарро доранд.

Омӯзгор бояд дар рафти омӯзиши илму маърифат ба панду андарзи ниёгон такя намуда, роҳу усулҳои муфиди таълимро ҷустуҷӯ намояд.

Имом Ғаззолӣ роҷеъ ба ин мавзӯъ чунин менависад: “Вазифаи асосии омӯзгор аз он иборат аст, ки набояд барои таълими худ музд талаб намояд. Инчунин, аз хонандагону донишҷӯён мунтазири музду сипосгузорӣ набошад. Балки танҳо ба хотири обрӯву шаъну шараф ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шавад. Болои сари талабагон миннат наниҳад, агарчи худи талабагон бояд аз устод миннатпазир бошанд. Баръакс, фазилатро ба донишомӯзон мансуб донад, зеро онҳо қалбашонро барои коштани тухми илму маърифат поку мусаффо кардаанд. Монанди шахсе, ки заминашро ба ту барои истифода орият медиҳад, то ту дар замини ӯ кишт намоӣ. Маълум аст, ки дар чунин ҳолат фоидаи ту аз он замин аз суди соҳибаш дида бештар аст. Пас чӣ тавр дар чунин ҳолат бар сари ӯ борони миннат мерезӣ?! Дар ҳоле ки савоби ту аз таълим назди Худованд аз аҷри шогирдат бештар аст. Агар шогирдат намебуд, ту ҳаргиз ба чунин савоби бузург ноил намегаштӣ. Муздатро танҳо аз Худованд талаб кун.”

Ба андешаи Ғаззолӣ, тамоми молу амволи дунё барои хидмати бадан аст ва бадан маркаби нафс мебошад ва ҳар дуи ин барои хидмати илм аст, зеро шарофати нафси инсон аз туфайли илму маърифати ӯ аст. Ҳар шахсе, ки бо илм дунёпарастӣ ва молталабӣ мекунад, ба монанди нафаре аст, ки бо чеҳраи зебояш хоки қадамашро тоза кардааст. (Киноя аз паст задани дараҷаи илм) Чунин ҳолатро метавон ҳолати вожгуна номид.

Дар бобати сифатҳои ботинии омӯзгор, бахусус, бекинаву покдил будани ӯ ин донишманд чунин мефармояд: “Агар аз ҷониби шогирд андак нуқсон сар зад, устод бар алайҳи ӯ шӯриш мебардорад ва душмани рақами яки шогирдаш мегардад. Чунин омӯзгор чӣ қадар хасис аст, ки чунин мақоми пастро барои худ писандида бо он хушҳол гаштааст. Боз ӯ даъво дорад, ки мақсади ман аз фаъолияти омӯзгорӣ ба нашри илму маърифат ноил гаштан аст. Ба аломатҳои риёкории ӯ назар кун, дар амалаш навъҳои гуногуни Ғурурро мебинӣ”.

Аз нуқтаи назари Имом Ғаззолӣ вазифаи муҳими омӯзгор аз он иборат аст, ки нисбат ба шогирд аз ибрози ҳеҷ насиҳат дареғ наварзад. Шогирдашро аз соҳибунвони нолоиқ гаштан манъ намояд. Дар боби омӯзиш ӯро тавсия диҳад, то ин ки пеш аз ҳама, фунуни лозимро фаро гирад.

Вазифаи дигари омӯзгор, ки яке аз масоили дақиқи пешаи омӯзгорӣ дониста шудааст, ин аст, ки  бояд устод шогирдонро бо роҳи кинояомез ва лутфу меҳрубонӣ аз рафтори хато боздорад. Ном ва амали ӯро ба таври ошкоро зери танқид қарор надиҳад. “Зеро баъзан ошкорбаёнӣ дар ислоҳи хато барои толибилм ҷуръати хилофкорӣ мебахшад ва ӯро ба исроркорӣ дар маъсият ҳарис месозад.” Инчунин, ислоҳи толибилм бо роҳи кинояомез аз фоида холӣ нест. Хонандаи боҳуш ва закӣ аз кинояҳои омӯзгор нуктаҳои нуҳуфтаро кашф менамояд.

Имом Ғаззолӣ гуфтааст: “Вазифаи дигари муҳими муаллим ин аст, ки дар раванди таълим аз танқиди фанҳои дигар худдорӣ кунад”. Яъне, дар рафти дарси хеш бартарияти  фанни худро зикр намуда, фанҳои дигарро паст назанад.

Андешаҳои бикри ин донишманди маъруф доир ба дигар паҳлуҳои касби омӯзгорӣ воқеан, баҳри беҳтар намудани фаъолияти педагогии мо, омӯзгорон, мусоидат мекунад. Бо вуҷуди гузашти асрҳо, то имрӯз арзиши ин суханҳо як зарра ҳам кам нагардидааст. 

Омӯзгорӣ касби пуршараф аст ва иззату шарофати он аз дониши мукаммал, ахлоқи баланд, риояи этикаи касбӣ, эҳтироми шаъну шарафи ҳамагон, ба савганди касбии худ содиқ будан ва дӯст доштани касби хеш ба вуҷуд меояд. Дар самти омӯзгорӣ ҳамчун дастурамал истифода бурдани осори гаронбаҳои ниёгони шарафмандамон аз манфиат холӣ нест.

Матлаб Бобоев,

омӯзгори литсейи №3 барои

хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш