Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои асил

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Мактаб - интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ имсол шастсола мешавад. Он   15 декабри  соли 1961 бо фармоиши Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон аввал бо номи мактаби мусиқии бачагонаи таҳсилоти ҳафтсолаи ба номи П. И. Чайковский таъсис ёфт. Сипас, ба мактаби миёнаи мусиқии таҳсилоти  даҳсолаи ба номи П. И. Чайковский табдили ном кард. Баъдтар бо фармоиши вазорати номбурда аз 23 марти соли 1963 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ном гирифт. Мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 1985 ба мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ номгузорӣ шуд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 ҳамчун мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.  Шаҳидӣ фаъолияташро идома дода истодааст.

Мо  бо директори ин муассиса, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷасур Комилов перомуни фаъолияти ин даргоҳ мусоҳибае анҷом додем.

- Зарурати  таъсиси  мактаб – интернат аз чӣ иборат буд. Имрӯз фаъолияти он чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Умуман, хонандагони кадом синну сол ба муассиса қабул карда мешаванд?

- Мақсад аз таъсиси таълимгоҳи мо тарбияи кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ мебошад. Шогирдонамон пас аз хатми ин муассиса метавонанд таҳсили худро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи  М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, умуман, дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ аз кишвар низ  идома диҳанд.

 Дар ин ҷо кӯдакони ба  ҳафтсолагӣ расида, ки дорои саломатии хуби рӯҳию ҷисмонианду  истеъдоди хуби мусиқӣ доранд, пазируфта мешаванд. Таҳсил аз синфи 1 шурӯъ гардида, то синфи 11 идома меёбад. Таълим бошад, бо ду равия – тахассуси мусиқӣ ва таълимоти умумӣ ба роҳ монда шудааст. Шогирдон  то нисфирӯзӣ аз рӯйи барномаи таълимии аз тарафи  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳодгардида  дарсҳои муқаррариро азхуд карда, пас аз нисфирӯзӣ вобаста ба равияҳои мусиқии интихобкардаашон касбу ҳунар  меомӯзанд. Ба таври дигар гӯем агар, барои ҷалби кӯдакони лаёқатманди тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва баҳри таъмини шароити таҳсили истироҳати онҳо дар заминаи таълимгоҳ хобгоҳ амал мекунад. Хонандагоне, ки муассисаи таълимии моро бомуваффақият хатм мекунанд, соҳиби аттестати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи махсуси мусиқӣ мегарданд. Таҳсил бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. 

- Тибқи барномарезии таъ-лимгоҳ кадом  шуъбаҳои тахассусӣ амал мекунанд?

-Дар муассисаи таълимии мо шуъбаҳои тахассусии фортепиано (умумӣ ва тахассусӣ), созҳои торӣ (скрипка, виолончел, алт), созҳои нафасӣ (кларнет, флейта, труба, валторна), созҳои миллӣ (рубоб, тор, най, чанг, рубоб – прима, ғижак), назарияи мусиқӣ, дирижёри хор амал мекунанд. Ба хонандагони мактаб – интернат омӯзгорон – мутахассисони варзидаи соҳа таълиму тарбия медиҳанд.

- Оё хонандагони мактаб – интернат мисли дигар шогирдони  муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон дар озмунҳои соҳавӣ  ширкат меварзанд? 

- Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020 – 2021 чор нафар хонандаамон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ширкат варзиданд. Аз инҳо Зубайр Каримов - хонандаи синфи 7 дар номинатсияи овозхонии академӣ ва хонандаи синфи 5 Иброҳим Иброҳимзода дар жанри эстрадӣ ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардиданд. Ду нафари дигар – Шоҳрух Матхолов (синфи 10) ва Ҷовидон Ҳасанов (синфи 11) бошанд, сазовори ҷойи чорум шуданд. Ҳамчунин, се нафар шогирдамон – Юнона Мирзоева, Ҳайдарҷон Сангинов (скрипка) ва Саидҷон Сангинов (виолончел) дар озмуни навозандагони асбобҳои мусиқӣ, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Москва барпо гардида буд, ба таври онлайн ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.    

Дастпарварону хонандагони имрӯзаи мактаб – интернат дар аксар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии давлатӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, комёбиҳои  шоён  ба даст меоранд.

- Мехостам аз хусуси чорабиниҳои дохилимактабӣ низ изҳори андеша намоед. Онҳо чӣ  гуна ташкил ва баргузор мешаванд?

- Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар муассисаи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Моҳи май  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар толори калони муассисаамон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид. Дар он муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, муовини раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе М. Маҳмуродзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фирдавсӣ С. Киромзода иштирок доштанд. Дар ин озмун аз кулли муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзиданд. Танҳо аз ҳисоби ҳайати толибилмони мактаб - интернати мо 33 нафар дар номинатсияҳои академӣ, эстрадӣ, анъанавӣ ва композиторӣ иштирок намуда, 19 нафари онҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Ё худ дар консерти ҳисоботии шогирдон, ки рӯзи 25 майи соли ҷорӣ барпо шуд, сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самизода, раиси Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мӯсозода, роҳбарони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва шахсиятҳои маъруфи соҳа ва қисме аз волидони хонандагон иштирок намуданд. Бояд гуфт, барномаи консертӣ аз рӯйи асарҳои гуногуни композиторони ватанию хориҷӣ таҳия  шуда,  бо маҳорати хос иҷро гардиданд. Ин барнома аз тарафи шабакаи телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» наворбардорӣ гардид, ки ҳар сари чанд вақт намоиш дода хоҳад шуд.  

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи таълимоти тахассусӣ ва муайян кардани маҳорати касбии муҳассилин мебошад. Аз байни чунин шогирдон беҳтаринҳо барои ширкат дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ интихоб ва омода карда мешаванд.

Суҳбаторо Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш