Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Тоҷикистон дар ин миён ба дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ набояд дар канор монад. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкунии ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи баланди соҳавӣ метавонад сайёҳиро ба яке аз манбаҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.
Тоҷикистон дорои ҳудуди нодири фарҳангӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима ва маҷмааҳои меъморӣ, таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Кишвари мо дар қиёс бо баъзе мамлакатҳои дигари ҷаҳон манзараҳои аҷибе дорад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон дар қатори кишварҳоест, ки метавонад аз нигоҳи туризми кӯҳсор даромади зиёд ба даст орад, зеро 93 фисади ин сарзаминро кӯҳсор ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.
Марказҳои истироҳатии Тоҷикистон хусусиятҳои табобатӣ ва шифобахшӣ дошта, барои табобати бемориҳои мухталиф тавсия дода мешавад.
Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими муъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди туризмро инкишоф диҳем. Инчунин, дар кишвари кӯҳсори мо имкони васеи рушди кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва экологӣ, варзишӣ-лижаронӣ, шикор (интерохота), саёҳати таърихӣ-маърифатӣ ва мардумшиносиву истироҳат дар осоишгоҳҳои табобатӣ фароҳам аст. Ҳоло ки рақобат дар бозори ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ пурзӯр гаштааст, муаррифии кишвар баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ хеле зарур мебошад. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ, солҳои охир, таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим зиёд гаштааст.
Бахтиёр ИБРАГИМОВ,
омӯзгори коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти мил
Иловакунӣ
Иловакунии фикр