Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамои ҳамагон

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Соли гузашта дунё бо мушкилоти ҷиддӣ – пандемия дучор шуд, ки дар натиҷа дар саросари ҷаҳон аз он одамони зиёде фавтиданд. Аз ин ҳодиса ҳама барои худ дарси нав гирифтанд ва аз ҷумла, аҳли ҷаҳон нақши табибон ва муаллимонро бештар фаҳмид ва эътироф кард, ҳамаи мо дарк кардем, ки дар ҳар лаҳзаи ҳассос ба онҳо ниёз дорем.

Дар бораи нақши омӯзгор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ гуфтаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.

Омӯзгор шахси пуршараф мебошад ки бо тамоми ҳиссиёт ва бо заҳмати зиёд саҳми худро дар таълиму тарбияи насли наврас мегузорад. Муаллим тарбиятгар, раҳнамо ва қувватбахшандаи неруи зеҳнии фарзандони мо мебошад.

Имрӯз омӯзгор бояд аз тамоюлҳои муосири ҷаҳони рақамӣ ва инноватсионӣ огаҳии комил дошта бошад, бо истифода аз усулҳои муосир ва дастгоҳҳои технологӣ барои гузаронидани дарсҳо тибқи стандартҳои ҷаҳони муосир ҷидду ҷаҳд намояд.

Пандемия нақши муаллимонро дар таълиму тарбияи ҳамагон афзун кард, назарҳо ба аҳамияти таълиму таҳсилот тағйир ёфтанд, мукаммалтар гардиданд.

Бинобар инкишофи технологияҳои муосир ва интернет рӯз аз рӯз ҷавонон аз навгониҳои ҷаҳон амиқтар бохабар шуда истодаанд. Онҳо истифодаи васеи технологияҳои муосирро хоҳонанд ва ҳаргиз намехоҳанд, ки худро аз ин лиҳоз ақибмонда эҳсос кунанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо нақши технологияҳои инноватсионӣ ва муосирро дар ҳама самтҳо таъкид кардаанд. Хушбахтона, имрӯз дар бисёр мактабҳо ва донишгоҳҳо синфҳои компютерӣ ташкил карда шуда, дар дарсҳо технологияҳои муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд.

Имрӯзҳо муассисаҳои таълимӣ танҳо иншооти одӣ нестанд – онҳо марказҳои омӯзиши фосилавӣ низ мебошанд.

Ҷаҳони муосир омӯзгоронро ба мутобиқшавӣ ва татбиқи усулҳои нав ҳидоят менамояд, имрӯз моҳияти таълим муносибати наздики муассисаи таълимӣ, муаллим ва донишҷӯ мебошад. Омӯзгорон мефаҳманд, ки нақши муҳимтарини онҳо дар ҷаҳони муосир ва зудтағйирёбанда шинохтани ҳар як донишҷӯ ҳамчун шахси эҷодкор ва бунёдкори оянда мебошад.

Барои он ки донишҷӯён, воқеан ҳам, масъулияти таҳсилоти худро ба дӯш гиранд, раванди омӯзиш бояд бо манфиатҳои онҳо алоқаманд бошад ва баҳоҳо бояд дастовардҳои воқеиро муайян намуда, қисми таркибии омӯзиш гарданд.

Яке аз роҳҳои самарабахш, ки нақши омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар соҳаи маориф иваз мекунад, истифодаи технологияҳои нав мебошад. Технологияи муосир қувваест, ки рушди маънавии омӯзгорон ва донишҷӯёнро такон мебахшад. Ҷаҳони имрӯзаро фазои ҷараёни иттилоотӣ печидааст. Ҳаҷм ва сифати иттилоот, мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳо зуд тағйир меёбанд. Истифодаи технологияҳои компютерӣ дар фаъолияти омӯзгор маъмул гашта, корбасти усулҳои инноватсионии таълим ба зарурати таълими босифати хонандагон дар ҷаҳони муосир табдил меёбанд.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар Хуҷанд солҳост, ки санҷишу имтиҳонҳоро ба тариқи электронӣ қабул менамояд ва бо ин ҳар гуна мушкилот ва масъалаҳоро (ба монанди ришва дар соҳаи маориф) бартараф месозад. ДПДТТ ба номи М.Осимӣ аз аввалинҳо шуда ба системаи таълими сиклавӣ гузашт ва бо ин сифати тайёр кардани мутахассисонро дар системаи таҳсилоти олӣ баланд бардошт.

Ф. ҲУСАЙНОВА,

омӯзгори калони кафедраи забони хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи

М.Осимӣ дар Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш